Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз дуздии тилловориву чорво то ба садамаҳои нақлиётиву ҳодисоти сухтор

Аз дуздии тилловориву чорво то ба садамаҳои нақлиётиву ҳодисоти сухтор

6-07-2020, 11:19
Хабарро хонданд: 122 нафар
Назарҳо: 0
Аз дуздии тилловориву чорво то ба садамаҳои нақлиётиву ҳодисоти сухтор
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон зани 52-солаи сокини ноҳияи маркуз бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми июли соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматиаш 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи шикояти мазкур, аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-солаи ва 20-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеаш пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси Ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудаанд. Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Нуробод

Санаи 4-уми июли соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Маликҷон Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаливарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромад, ба истгоҳи ҷамоати деҳоти мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Давлатов М.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири автомашина, Азизов Сайфиддин Балаҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамон ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон санаи 5-уми июл, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исломов Наҷибулло Амирбекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Комсомолобод ба самти деҳаи Чинор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 100-120 метр ҷаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Исломов И.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, Орзуев Насим Манзарович, соли таваллудаш 2000, сокин ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу насби таҷҳизоти обгармкунанда (термекс) санаи 4-уми июли соли 2020 дар болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб, сӯхтор ба амал омадааст. Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба зуддӣ хомӯш карда шуд.
Бино ба иттилои коршиносони соҳа гунаҳгори ҳодиса барқчии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сохтмони махсус»-и шаҳри Кӯлоб Муродалӣ Ғуломов мебошад. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад.

Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ муроҷидат кардааст, ки моҳи январи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдувосиеви ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: