Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ намуда, амали 14 судяро мавриди муҳокима қарор дод

Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ намуда, амали 14 судяро мавриди муҳокима қарор дод

7-02-2018, 07:39
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ намуда, амали 14 судяро мавриди муҳокима қарор дод

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоботи раиси ин мақомот Мавлуда Қаландарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 оғоз гардид.

Мавлуда Қаландарзода иттилоъ дод, ки соли 2017 аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 2720 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 371 адад зиёд мебошад.

«Дар ин давра 19 парванда бо вайрон кардани муҳлати мурофиавӣ баррасӣ гардида, 39 адад санади судӣ аз ҷониби марҳилаҳои болоӣ бекор карда шуданд», — гуфт раиси Суди Олии иқтисодӣ дар тақвияти матлаби мазкур.

Мавлуда Қаландарзода ҳамчунин таъкид намуд, ки вобаста ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ ва амали 14 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, диққати онҳо бобати риояи қонунгузорӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷалб гардид.

«Судҳои иқтисодӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, аз ҷумла, 180 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карданд. Дар ин робита, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун 68 таъйиноти хусусӣ бароварда, аз рӯи 42 ҷамъбасти амалияҳои судӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор 31 адад пешниҳод ирсол намуданд»,- иброз дошт М.Қаландарзода

Сипас дар нишасти хабарӣ миёни роҳбарияти Суди Олии иктисодӣ ва намояндагони ВАО оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ин мақомот суолу ҷавоб сурат гирифт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: