Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НАРХ БОЛО МЕРАВАД

НАРХ БОЛО МЕРАВАД

15-05-2020, 11:53
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
 НАРХ БОЛО МЕРАВАД
Азиз НЕСИН
(адиби турк)


(ҳикоя)


Ба манзили мо меҳмон қадам ранҷа намуд. Дар омади гап пурсид:
- Шумо қанд доред?
- Бояд бошад. Дина бегоҳӣ як кило харида будем.
Меҳмон табассум мекунад.
- Худаш чӣ гап, шумо аз ақл бегона шудед магар? Ҳоло ки дер нашудааст, ба зудӣ чанд халта қандро харидорӣ карда дар ягон ҷо пинҳон кунед. Қанд имрӯз ё пагоҳ аз ҳама маѓозаю дӯконҳо гум мешавад... Фаромӯш накунед: - чанд кило не, панҷ-шаш халта харида захира карда монед. Фаҳмидед?..
Шиноси деринаам ба хона омада мепурсад:
- Шумо карасин харидед ё не?
- Камтарак дорем.
- Ҳой, нафаҳмидед, ба ҳамин қарибӣ карасинро кофта ёфта ҳам наметавонед. Қисса кӯтоҳ, зуд понздаҳ-бист бидон карасинро харида пинҳон кунед, ки баъд пушаймон мешавед. Боз понздаҳ-бист литр не, понздаҳ-бист бидон харидорӣ кунед. Сад рӯз дар бор, як рӯз даркор гуфтаанд...
Шиноси дигарам омада мепурсад:
- Чойи хушк доред?
- Дорем, дина як қуттӣ харида будам.
- Худоё! Ҳой мардак, ҳуши ту дар ҷояш? Зуд чил-панҷоҳ қуттӣ чой харида захира кун. Як ҳафта нагузашта, мебинӣ, ки мардум онро дар рӯзи равшан ҳам ёфтан наметавонанд!..
Ҷӯраи дигарам ба ман чунин маслиҳат медиҳад:
- Лубиё... медонӣ-чӣ, давида рафта панҷ-даҳ халтаашро харида оварда ба ягон ҷо пинҳон карда мон, чунки ана-мана нагуфта нархи вай ба осмон меҷаҳад. Ҳой, боз фаромӯш накунӣ: - панҷ-даҳ кило не, панҷ-даҳ халта бигир...
Ҳамсоя омада мепурсад:
- Шумо собун доред?
- Ҳа, ду-се кулча собун дорем...
- Шумо оё хабар надоред, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст? Тамоми собунҳоро харида истодаанд. Нашавад, ки ба як кулча собун зор шавӣ. Ҳеҷ кас ба додат намерасад. Таги чирку чарбу монда бӯй гирифта меравӣ...
Яке аз ҳамсояҳо маро таъкид намуд:
- Як гап мегӯям, ба ҳеҷ кас магӯй. Нархи равѓани зайтун имрӯз-пагоҳ ба осмон дакка мехӯрад. Ҳанӯз ки дер нашудааст, чанд бидонашро харида пинҳон карда мон.
...Агар ба ҳарфи дӯстону ошноҳо гӯш диҳам, он вақт хонаи мо ба амбори озуқаворӣ мубаддал мешавад ва моро лозим меояд, ки дар меҳмонхона ҷой гирему он ҷо ба сар барем.
Чунин суханҳо гӯшу майнаамро харош медиҳанд:
«Дар ягон ҷо пинҳон кун...».
«Боз килоякӣ нагирӣ, халта, қуттӣ, бидон бигир...»
Ба Худо сад бор шукр, ки мо пул надорем ва аз ин гапу гапчаҳо парвое накарда чун пештара ба як кило равѓани зайтун, се кулча собун, як пачка чой, як килограмм қанд қаноат мекунем. Ва вақте ки ягон кас ба назди мо омада мепурсад:
- Шумо қанд доред?
Ман чунин посух медиҳам:
- Ҳо-о, бале, хеле бисёр дорем, таги катамон пури халтаҳои қанд.
- Карасин чӣ?
- Бале, сад бочка карасин дорем. – гуфта зунуки ӯро мебандам.
- Чой чӣ?
- Ҳисобаш гум, - посух медиҳам ман. Панҷсад қуттӣ чой харида пинҳон карда мондам.
Охир, кам нестанд ашхосе, ки чун мефаҳманд, нархҳо боло рафтаанд, маводи озуқавориро бебаркаш харидорӣ мекунанд ва аз ҳисоби пулҳои бедардимиён чанд адад мошин мехаранд, барои худу пайвандони худ се-чор хона месозанд.
Он чӣ ки ба ман дахл дорад, ман ҳеҷ чизи зиёдатиро захира намекунам. Лекин ман ҳам бо сабаби боло рафтани нархи наво баъзе чораҳои муассирро андешидам. Чӣ хел? Ана, ин хел...
Ман тамоми рӯз савори мусофиркаш байни ҳавлиамон ва маҳаллаҳои Эренкею Кадикей равуо мекунам. Дина бегоҳ, то даме ки мусофиркаш ба парк надаромад, аз он нафаромадам.
- Бубахшед, - мегӯяд кондуктор. – Мо бори ҳаштум аст, рафта омада истодаем, шумо бошед, ҳанӯз ҳам нишастаед ва фаромадан намехоҳед. Шумо ба куҷо рафтанӣ ҳастед?
- Ман, то даме ки мусофиркаши шумо ба парк надарояд, аз он намефароям, ба ҳеҷ куҷо намеравам.
- Барои чӣ?
- Фақат хоҳиш мекунам, ба ягон кас нагӯед. Аз рӯйи шунидам, имрӯз-пагоҳ нархи мусофиркашҳо хеле боло меравад... Ҳоло бошад, нарх арзон аст. Мехоҳам, серӣ мошинсаворӣ кунам...

Тарҷумаи
Ато Ҳамдам

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: