Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАРХИ МАҲСУЛОТ КАЙ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД?

НАРХИ МАҲСУЛОТ КАЙ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД?

10-12-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
НАРХИ МАҲСУЛОТ КАЙ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД?

Моҳи июли соли равон дар шумораи № 29-и рӯзномаи «Минбари халқ» мақолае чоп гардид. Дар он хабар дода мешуд, ки нархи 16 намуди маҳсулоти ниёзи мардум ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда дар рӯзҳои наздик аз тарафи ҳукумат ба танзим дароварда мешаванд. Мутаассифона дар мағозаҳои деҳот, аз ҷумла ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Варзоб нархи ниҳоии маҳсулот дар болояш навишта намешавад ва фурӯшандаҳо бо хости худашон чи хел хоҳанд, ба харидорон ҳамон тавр мефурӯшанд. Аз мутолиаи мақолаи номбурда хеле хушҳол гардидам. Аммо ҳоло аз вақти нашри мақола шаш моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, гуфтаҳои он то ҳанӯз амалӣ нагардидаанд. Баръакс, нархҳо рӯз то рӯз боло мераванд ва ҳеҷ не, ки ба танзим дароянд. Масалан, як халта орд то нашри мақола 136-140 сомонӣ буд, аммо чанде пеш аз навиштани ин сатрҳо банда ба мағозаи деҳаи худамон даромада дидам, ки нархҳо хеле боло рафтаанд Дар бозорҳо низ ҳамин хел. Нархи як кило биринҷ ба 18 сомонӣ расидааст. Умуман, дар мағозаи деҳаи мо ва бозорҳои пойтахт ҳамаи нархҳо баланданд ва касе онро ба танзим намедарорад.
Он рӯзҳо набераи якунимсолаам аз касалии зардча дар беморхона бистарӣ буд. Баъди аз беморхона ҷавоб шудани ӯ тибқи тавсияи духтурон ба келинам фармудам, ки рафта аз мағоза хлеби хушконидашуда, кефир, ҳасибчаҳои парҳезӣ орад ва картошкаро ба об ҷӯшонида бо 1-2 ҳасибча омехта карда, ба кӯдак кам-кам хӯрондан гирад.
Вай аз мағозаи номбурда ду дона кефир ҳар яке бо нархи 5 сомонӣ, хлеб ва ҳасибча харида овард. Як дона кефирро кушодем, вайроншудаю дубур-дубур ва муҳлаташ норавшану нохоно буд. Кефирро баргардонда, бо мушкилӣ пулашро гирифтем ва ба ҳамсоядеҳа рафта, ду дона кефири ҳар кадомаш бо нархи 4,5 сомонӣ харид кардам. Хонандаи азиз, худ қазоват кунед, тафовут аз куҷо то куҷост…
Ин ҷо саволе ба миён меояд: харидорон дигар коре надоранд, ки дар ҷустуҷӯи нархҳои дастрас ва маҳсулоти хушсифату безарар ба даст овардан аз мағоза ба мағоза баҳудаю беҳуда саргардон шуда гарданд ва ба болокорӣ бо фурӯшандаҳои мағрури таҳсилоти касбӣ надида чуну чаро кунанд.
Деҳаи мо бо деҳаи Сабзазори ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамшафат аст. Дар мағозаҳои ин деҳа ҳама гуна маҳсулот нисбатан арзону фаровону сифатноканд. Аз ин хотир, харидорони зиёд доранд. Воқеан дар ин мағозаҳо маҳсулоти пастсифат ёфт намешаванд, зеро фурӯшандаҳояш хушмуомила буда, маълумоти касбӣ доранд.
Дар охир як масъалаи мубрамро ёдрас гардидан ба маврид аст. Ин бошад рӯз ба рӯз боло рафтани нархи сӯзишвории нақлиёт ва қимати баланд доштани роҳи нақлиёти Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе аст. Биноан, аз дастандаркорон хоҳиш дорем, ки ҳангоми ба танзим даровардани маҳсулоти ниёзи аввалия нархи сӯзишвории нақлиёт ва нархи роҳи Душанбе-Хуҷандро аз мадди назар дур накунанд, зеро як сабаби ҷаҳиши нарх ва бесару сомониҳо дар бозору мағозаҳо аслан ҳаминҳоянд. Бидуни танзими нархи истифодаи инҳо ба чизе комёб гардидан ғайриимкон аст.

Хайрулло Раҳимов, омӯзгори собиқадор, ноҳияи Варзоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: