Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Олуфтаи ширинзабон

Олуфтаи ширинзабон

20-05-2018, 15:01
Хабарро хонданд: 557 нафар
Назарҳо: 0
Олуфтаи ширинзабон
Қарибиҳои нисфирӯзӣ палатаи чоркатаи нисбатан ороми шуъбаи терапевтӣ, воқеъ дар ошёнаи сеюми бинои беморхонаи шаҳрӣ, бо хабаргирӣ омадани хешу тобори беморон орому қарор гум кард. Ҳоҷӣ Ҷӯрахони ба тахмин шаступанҷсолаи тануманду болобаланд ва калакалонро, ки аз ҳазм карда натавонистани хӯрок шикоят дошту дар бари болои тарафи рости палата мехобид, писари хурдӣ – ҷавони газгӯшти бист-биступанҷсолааш бо халтаҳои пури селофанӣ омада буд. Дар назди кати муҳандиси типография Нуъмонови панҷоҳу панҷсола дар тан палтою дар сар рӯймол ҳамсари дар синну сол нисбат ба худаш андак ҷавонтар менишаст. Ҷавони донишҷӯи дар мардикории Русия хунукзада, ки зуд-зуд нафастанг шуда месулфид, бо додари ба аёдаташ омада суҳбат мекард. Танҳо дар назди кати марди дирӯз бегоҳӣ бистаришудаи лоғарандом, ба гуфти худаш, иштирокчии юриши шӯравӣ дар Афғонистон, ки дар кунҷи рости дари даромад ҷой гирифта буд, касе наменамуд. Вай маъюсона ба кат дароз кашида, чашм аз дари даромади палата намеканд, аз афташ омадани касеро интизорӣ мекашид.
- Ҳа, тағоӣ, чӣ хелӣ? – касе аз бошандагони палата пай набурд, ки кай ва чӣ тавр ҷавонмарди хушандому гармчеҳрае ба палата даромада, назди Ҳоҷӣ Ҷӯрахон ба курсӣ нишаст. - Дигар созӣ мегӯм? Акнун духтурҳо дар наздат қаторак мешаванд. Ман ба сардухтур даромада гап задам. Гуфт, ки табобати Шуморо зери назорати қатъӣ мегирад.
- Аҳ, бача, ман шикоят надорам! Даркор набуд назди сардухтур даромадан! Як духтураш ҳамин пагоҳӣ як дору навишт. Аз афтеки балниса гирифта, ду донаашро хӯрдам. Доруи зӯр будааст. Ним соат нагузашта даводавам сар шуд. Се бор паиҳам ба ҳоҷатхона рафтам. Дар шикам ҳеҷ чиз намонд. Акнун иштиҳо ҳам кушода шудааст… Бигир ягон себ бихӯр, - ба табақчаи пур аз себу ноки болои тумбочкаи саргаҳи каташ ишора кард Ҳоҷӣ Ҷӯрахон ва бо ҷиддият ба рӯйи ӯ чашм дӯхт. – Аз корҳои худатон пурсем. Келин чӣ хел шуд? Ҷарроҳӣ карданд ё не?
- Ҳа, албатта. Мекунанд. Ҳозир омода карда истодаанд, - гуфт марди хушандому хушлибос ва гӯиё кори муҳимеро анҷом медода бошад, телефони дастиашро, ки доим дар даст нигоҳ медошт, намоишкорона пеши рӯ оварда, ба шуморае занг зад.
- Ало Маҳмуд, бачаҷон. Аҳ, дар ҷони бача садқа! Дар куҷоӣ ту? Дар хона? Хуб, бачаҷон. Гӯш кун. Калиди сейфро бигир. Сейфро кушо. Калид дар куҷо мегӯӣ? Шери дадош,е! Ту ҳозир ҳам ҷойи калиди сейфи дадота намедонӣ? Болои ҷевони зарфҳои тиллоира бин! Ҳа, дар ҳамон ҷо! Ёфтӣ? Ёфтӣ мегӯм? Хуб, шери дадош. Ана, ҳамун калита гиру сейфа кушо. Хуб, хуб. Кушодӣ? Ҳо, бале! Ду дастаи садҳазордолларара дидӣ? Офарин!.. Ана, аз ҳамун як дастааш панҷ ҳазорашро бигиру зуд ба ҷипат савор шуда, ба беморхонаи шаҳрӣ биё… Ин қадар пулро чӣ кор мекунам, мегӯйӣ? Даркор бачаҷон, даркор. Не, не, не. Хавотир нашав. Зуд бигиру ҷипата ба ин сӯ тозон!
Даҳони аксари беморону хешовандони ба аёдат омадаи онҳо, ки то ин дам гапҳои ӯро ҳазлу шӯхӣ мепиндоштанд, бо шунидани гуфтугӯйи телефониаш аз ҳайрат воз монд. Дар чашмонашон оташаки таваҷҷуҳ медурахшид. Фақат қиёфаи самимии Ҳоҷӣ Ҷӯрахон мисли пешина бетағйир монда, «афғонистонӣ» ҳам ба ин гуфтугузорҳо ҳеҷ аҳамияте намедод. Ӯ акнун чашмашро аз дари даромад канда, дар ҳамон ҳолати маъюсӣ ба сақфи палата дӯхта буд.
- Ана ҳамин хел, тағоӣ, - гуфтугӯйи телефониашро бо писараш ба охир расонда, қаноатмандона табассуми нозуке дар лаб ба ҳоҷибобо рӯ овард. – Ду рӯзи дигар нагузашта ҳама дардот гум, «ту дидию ман надидам» мешавад.
Ва чун гоҳи гуфтугӯйи телефонӣ назараш гирифта, ки Нуъмонову ҳамсараш бо таваҷҷуҳ ба ӯ менигаранд, бо ишораи сар ҷониби Нуъмонов, аз Ҳоҷӣ Ҷӯрахон пурсид:
- Ин тағоӣ чӣ дард дорад?
- Камтар шамол хӯрдагӣ барин. Ҳоло хеле беҳтар шудааст, - гуфт ҳоҷӣ.
- Бронхити куҳна дорам, - ба гап даромад сармуҳандис. - Ҳар сол зимистон авҷ мегирад. Сабил, ҳеҷ халос шуда наметавонам.
Завҷаи сармуҳандис ба рӯйи шавҳараш нигоҳи чуқур дӯхта, лаб мегазид. Мазмун, сирру асроратро ба дигарон накушо.
- Ташвиш накаш, тағоӣ. Шуморо ба санаторияи дараи Ромит фиристем, чӣ хел? Санаторияи хусусии худам. Бепул табобат мегиред, истироҳат мекунед. Он ҷо ойимчаҳои бисёр хизмат мерасонанд. Хоҳед, ягонтаашро таги теф мекунед. Ду рӯз нагузашта, мебинед, ки… Чӣ гуфтед, тағоӣ?
Вай ба телефони дастиаш рақам чида истода, нигоҳе ба сӯйи Нуъмонов партофт. Сармуҳандис бо табассум ба рӯйи занаш менигарист. Рӯйи занаш дуд мекард.
Чавонмард зуд хатояшро фаҳмида, ислоҳ даровард.
- А янга, янга, рашқ кардед, а? Як ҳазл кардем, да. Вай бе шумо ҳеҷ ҷо намеравад. Ҳардуятон меравед… - Ало, Ҳотамуф. Ҳотамуфӣ мегӯм? Пешниҳоди номзадии Бобоқулов ба сафири Япония чӣ шуд? Гузашт? Нағз, нағз.
Вай алоқаро қат карда, бо таҳдид «Қандатона хӯреду Бобоқулов нагузарад!» гуфт ва аз нав рақам чид.
- Ало, сармуҳосиб Назаров? Гӯш бикун. Ҳамроҳи касир зуд рафта, нуқтаи фурӯши сӯзишвории пушти бозори «Корвон» - а бихаред! Чанд пуле, ки пурсад, не нагуфта бихаред! Фаҳмо? Амал кунед!
Ӯ боз нуқтаи сурхи алоқашикании телефонро зер карда, аз нав ба нафари дигаре тамос гирифт:
- Салимшоев? Нағз ҳастӣ, писари амакӣ? Нағз, ки бошӣ, ноз накарда рав директории бозори нави маҳаллаи Борбадро қабул бикун! Шунидӣ, чӣ гуфтам? Ноз накун. Талабгоронаш аз мӯйи сар ҳам зиёд.
Ҷавонмарди хушандому кушодачеҳраи ширинзабон аз нав ба касе занг заданӣ буд, ки чашмаш дар рӯйи писари Ҳоҷӣ Ҷӯрахон қарор гирифт. Вай дар лаб табассум бо чашмони аз ғояти таваҷҷуҳи зиёд шарарбор ба ӯ менигарист.
- Ҳоҷӣ, мегӯм ин писаратро хонадор кардаӣ ё не? –рӯ овард ҷавонмард ба падари ӯ.
- Не, ҳоло навбаташ нарасидааст, - гуфт Ҳоҷӣ Ҷӯрахон.
- Ман худам ин писаратро хонадор мекунам. Як духтаре ёфта диҳам, ки очааш набӯсида бошад.
Ҳамин вақт ҳамшираи шафқат мулақаб ба Шарофати Ғул ба палата даромаду ҷавонмарди хушсимои ширинзабонро дида:
- Шумо ин ҷо чӣ кор мекунед? Канӣ, зуд бароед! Хезед, хезед, халал нарасонед! – гуфт омирона.
Ҷавонмард, дар лаб табасум, «Хайр,боз мебинем, ҳоҷибобо» гуфту саросема аз дари палата берун шуд.
- Ба ин ҷо чӣ хел даромад ин? Ё касе аз шумо хешу табораш? – пурсид Шарофати Ғул.
- Не, хешу табор нею… Аҷаб як ҷавонмарди олиҳиммату босаховате!- изҳор дошт сармуҳандис Нуъмонов. – Аз афташ, ё соҳибкори зӯри зӯр аст ё дар идораҳои сатҳи болоии ҳукумат кор мекунад.
- Балора, - хандид Шарофати Ғул. – Ин гоҳ-гоҳ дар ҳавлии беморхона пайдо шуда, бо баҳонаи «Занамро ҷарроҳӣ мекунанд, пулам намерасад», одамонро гӯл зада, пул мерӯёнад. Баъзан ба ин мақсад худро як мансабдори калони давлатӣ вонамуда, дар иҷрои коре ба онҳо ваъдаҳои болохонадор медиҳад.
- Не,е? Худоё, туба! – ба ҳайрат афтод Ҳоҷӣ Ҷӯрахон. – Ина бин, а. Ҳамин пагоҳӣ, вақте ки барои дорухарӣ берун баромадам, дар саҳни ҳавлӣ рӯ ба рӯям мисли як шиноси дерина пайдо шуда, баъди аҳволпурсӣ «Ҳоҷӣ-бобо, пулам ба ҷарроҳии занам намерасад» гуфта, дусоата қарз пурсид. Хайрият, ки надодам, - гуфт ҳоҷӣ, хурсанд аз он, ки ба доми фиреб наафтодааст.
- Сесад сӯм чӣ, пеш аз даромаданам ба ин ҷо аз ман дар назди дукони рӯзномафурӯшӣ як сум талбида буд, - афзуд додари ҷавони дар Русия хунукзада.
- Ҳолӣ гӯед, мо аллакай дар санаторияи дараи Ромит табобат гирифта омадем! – луқ партофт сармуҳандис хандида. Ҳама дар як ҳолати аҷиби таассуфборе афтода буданд.

Неъматулло ХУДОЙБАХШ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: