Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Корхонаҳои «ММК», «ММД», «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд

Корхонаҳои «ММК», «ММД», «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд

7-04-2020, 09:35
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Корхонаҳои «ММК», «ММД», «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ мондандБо мақсади пешгирии сирояти короновируси навъи COVID-19 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «ММК»-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сахо ва К»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «ММД»-и ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳолати зарурӣ корхонаҳои истеҳсолии мамлакат имконият доранд сокинонро пурра бо маводи гигиениву антисептикӣ таъмин намоянд.

Эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиёти зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, дар дастгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат ҳамкории судманд роҳандозӣ гардидааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: