Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Додгоҳи олии Исроил: Натаняҳу метавонад ҳукумат ташкил кунад

Додгоҳи олии Исроил: Натаняҳу метавонад ҳукумат ташкил кунад

7-05-2020, 21:50
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
 Додгоҳи олии Исроил: Натаняҳу метавонад ҳукумат ташкил кунад
Додгоҳи олии Исроил шоми чоршанбе қарор кард, ки сарвазир Бинёмин Натаняҳу бо вуҷуди айбдор шуданаш ба фасодкорӣ метавонад, ҳукумати нави ин кишварро раҳбарӣ кунад.

Қарор якдилона қабул шуда, додгоҳ дархости онҳоеро рад кард, ки хостанд, Натаняҳу аз ҳаққи ташкили ҳукумат маҳрум шавад. Ҳамчунин талаби ғайриқонунӣ эълом шудани созиши Натаняҳу бо раҳбари блоки мухолифи "Кахол Лаван" Беннӣ Гантз дар бораи ташкили ҳукумати нав рад шуд.

Бенямин Натаняҳу ва рақиби асосиаш Беннӣ Гантз моҳи гузашта бо имзои мувофиқатномае ба созиш расиданд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис медиҳанд ва ба навбат раҳбарӣ мекунанд. Дар се интихоботи гузашта ҳеҷ яке аз онҳо барои таъсиси ҳукумат раъйи кофӣ ба даст наоварданд. Натаняҳу ки бештар аз 10 сол аст, раҳбарии Исроилро бар дӯш дорад ва ҳоло ҳам раиси муваққати ҳукумат аст, баъди 18 моҳ бояд қудратро ба ихтиёри Беннӣ Гантз, фармондеҳи собиқи артиш бидиҳад.

Аммо гурӯҳҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла мухолифони давлат, нозирони демократия дар Исроил аз додгоҳ хостанд, мувофиқатномаро беэътибор кунад ва ба Натаняҳу, ки парвандаи ҷиноӣ дорад, иҷозаи ташкили ҳукумат надиҳад.

Мурофиаи додгоҳии Натаняҳу ба иллати коронавирус ба таъхир гузошта шуд. Он бояд 24 майи соли равон баргузор шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: