Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Духтури бемориҳои сироятӣ хусусиятҳои хосу ғалатии коронавирусро номбар кард

Духтури бемориҳои сироятӣ хусусиятҳои хосу ғалатии коронавирусро номбар кард

21-04-2020, 09:47
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Духтури бемориҳои сироятӣ хусусиятҳои хосу ғалатии коронавирусро номбар кардПандемияи коронавирус барои инсоният як чизи тамоман нав аст, чунки COVID-19 ба организми инсон таъсири нофаҳмои ғалатӣ дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи бемориҳои сироятии Донишкадаи такмили ихтисоси (АФТБ) Владимир Никифоров иттилоъ додааст, хабар медиҳад «Известия».

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, коронавирус ба қонунҳои анъанавии бемориҳои зуком ва шамолхӯрӣ мутобиқат намекунад. Масалан, аз ҳолати саломатии беморон тағйироти дар шуш ба амал омадаро пайхас кардан душвор аст, яъне аҳволи онҳо ба дардашон мувофиқ нест.

Никифоров 19 апрел дар шабакаи телевизионии «Россия 1» чунин гуфт: «Аз рӯи ташхиси компютерии шуш чунин бемор бояд аллакай бо ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта бошад, вале баръакси ин, ӯ худро хуб ҳис мекунад».

Ҳамзамон мутахассис зикр кард, ки чунин ҳолат дер давом нахоҳад кард, пасон, ҳоли ӯ якбора тағйир ёфта, ҳатто метавонад бо фоҷиа анҷом пазирад».

Чизи аҷиби дигари ин беморӣ он аст, ки ошкор кардани илтиҳоби шуш ғайриимкон мегардад. Ӯ таъкид сохт, ки бо коронавирус он дар рентген намоён намешавад.

«Мо бо як чизи тамоман нав дучор гаштем. Ман намегӯям, ки ин ваҳшат аст, вале ҳар чизи нофаҳмо даҳшат тавлид месозад», — илова намуд Никифоров.

17 апрел иммунолог аз Франсия, профессор Жан-Лоран Казанова омилҳои «нофаҳмо» -и сар задани ҳолатҳои вазнини COVID-19-ро номбар намуд. Ба қавли ӯ, шаклҳои шадиди коронавирус дар ҷавонон ба ирсияти онҳо вобаста аст. Яъне саломатии волидайн ё авлоди гузашта дар худ заъфе доштаанд ва ин таъсири худро ба наслҳои оянда низ гузоштааст.

АКС: TASS/Zuma

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: