Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

2-05-2018, 08:09
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Аз 5 то 9 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 5 майи соати 17:00 дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи С. Айнӣ сурат мегирад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешкаши тамошобинони тоҷик мегардонанд.
Ба иттилои манбаъ, 5 майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмии ҷониби меҳмон доир мегардад. Баъди анҷоми мулоқот нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар назар аст.
-Худи ҳамон рӯз соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи С. Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ шурӯъ гардида, то 8 май идома меёбад.
Инчунин 8 май муколама дар мавзӯи “Ҷойгоҳи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанииг Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари меҳмонон ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст. Инчунин меҳмонон бо табиати биҳиштосои ёрамон шинос гардида, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.

Ибодулло Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: