Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот менамояд

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот менамояд

8-04-2020, 12:19
Хабарро хонданд: 110 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот менамоядТоҷикистон тасмим дорад, ки дар иртибот ба хуруҷи COVID- 19 дар Италия ба ин давлати аврупоӣ 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот намояд. Ин тадбир дар доираи қарордоди имзошудаи ҳамкорӣ байни ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои итолиёвӣ амалӣ гардонида мешавад.

Сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пулодов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳоло корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.

Корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Ҷавонӣ» маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди «Карьера»-и Италия истеҳсол намуда, 95 фоизи маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра, ки аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Италия содирот мегардид.

Ҳамзамон ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ» дар Маркази савдои Тоҷикистон, собиқ универмаги марказӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дорои нуқтаи фурӯши маҳсулоти тавлидотӣ мебошад. Инчунин маҳсулоти «Ҷавонӣ» дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ муаррифӣ гардидаанд. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли давлатҳои аврупоӣ ҷиҳозонида шуда, дар он беш аз 750 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: