Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «ҶАВОНӢ» ҷавонӣ дорад!

«ҶАВОНӢ» ҷавонӣ дорад!

13-06-2018, 08:03
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
«ҶАВОНӢ» ҷавонӣ дорад!
Ҳамасола дар оғози ҳафтаи дувуми моҳи июн кормандони саноати сабук Иди касбии хешро бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд. Ба туфайли меҳнати шаборӯзии эшон истеҳсоли саноат ,ки яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодии мамлакат ба шумор меояд, рушду нумӯъ меёбад.
Истиклолияти кулл ва таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон сабаб шуда, ки дар кишвар корхонаҳои саноатии муштарак ба кор оғоз намояд. Моҳи октябри соли 1992 чунин як корхонаи истеҳсолӣ «Ҷавонӣ-Карера» ба фаъолият оғоз намуд, ки то ба имрӯз зиёда аз 95 фисади истеҳсолии худро содирот менамояд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки ҶДММ»Ҷавонӣ» бо мамлакати мутараккии ҷаҳон Италия ҳамкории судманди иқтисодӣ ба анҷом мерасонад. Аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти тайёри рақобатпазир, ки ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонист, фаьолият ва марому ҳадафи ниҳоии корхона маҳсуб меёбад.
Ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Ҷавонӣ», ки бонуфузтарин ташкилоти ибтидоии дар Кумитаи Иҷроияии Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар шахри Хучанд ба хисоб меравад, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси ташкилоти ибтидоии Ғафуров Иброҳим Рауфович Иди касбиро бо супоридани Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ ва барномаи консертии ҷолибу дилнишин дар Муассисаи фарҳангии «Кохи Рудакӣ» ҷашн гирифтанд.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва намояндаи Иттифоқҳои касабаи вилоят Турсуной Темурова ба самъи ҳозирин расонида шуд. Ҳамзамон мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд Бобоева Зеварой бо Иди саноатчиён кулли аъзоени ташкилоти ибтидои ҶДММ «Ҷавонӣ»-ро шодбод гуфта, ин хама саодатмандӣ ва шодиву сурурро аз ташаббус ва иқдомҳои беназири Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзебӣ намуда, ба занону модарони фаъоли корхона Ифтихорномахо такдим намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: