Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дастури президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан гирифторони коронавирус "кушта шаванд"

Дастури президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан гирифторони коронавирус "кушта шаванд"

2-04-2020, 17:02
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Дастури президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан гирифторони коронавирус "кушта шаванд"
Родриго Дутерте, президенти Филиппин гуфт, ки ба пулис ва артиш дастур додааст, дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот, гирифторони вируси корона "кушта шаванд".

"Фармони ман ба пулис ва артиш: агар чунин мушкиле мавҷуд аст ва агар чунин ҳолат пеш ояд, ки онҳо муқобила нишон диҳанд ва ба ҳаёти шумо хатар эҷод кунанд - кушед. Фаҳмост? Кушед", - гуфт Дутерте дар як муроҷиати телевизионӣ.

Вай шарҳ дод, чунин дастур ба касоне ҳам дахл доред, ки ба карантин фиристода шуданд, аммо онро риоя накарданд.

Роҳбари пулиси миллӣ гуфт, президент дар суханрониаш "ҷиддӣ будани интизоми ҷамъиятиро ба намоиш гузошт" ва дар воқеъ пулис ба сӯи касе тир нахоҳад кушод.

Ба иттилои расмӣ, то ин замон дар Филиппин 96 сокин аз вируси корона фавтида ва бештар аз 2300 кас ба он гирифтор шудааст. Аммо ин омор метавонад, ба далели камбуди дастгоҳҳои ташхис, нокомил бошад.

"Вазъ бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир ман бори дигар аз ҷиддӣ будани мушкил ёдовар мешавам ва шумо бояд ба ҳарфи ман гӯш диҳед", - гуфт Дутерте дар муроҷиати телевизиониаш.

Дутерте пештар аз ин ҳам ба содир кардани хушунат даъват карда буд. Барои мисол, вай дар як мусоҳиба дар соли 2015 гуфта буд: "Агар зарурати куштан (-и одам) пеш ояд - ман мекушам".
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: