Пайғоми созандагӣ аз Конфронс6-06-2017, 14:43
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
ДЕВАШТИЧ. Дар ноҳияи Деваштич, ки мардуми он, хусусан аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар корҳои бунёдкориву созандагӣ бо меҳнати шарафманди дастаҷамъонаи худ, ки ҳашари умумӣ ном дорад, дар миқёси ҷумҳуриву берн аз он ном баровардаанд, Конфронси XVIII-уми Ҳизби Халқии Демократӣ баргузор гардида, аксари фаъолони ноҳияро аз чаҳор гӯшаи диёр дар маркази ноҳия ҷамъ овард. Дар Конфронс Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Умарович, муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроия дар вилояти Суғд муҳтарам Анвар Расулович, Раиси ноҳия муҳтарам Рустам Ҷӯразода ва собиқадорони ҳизб ширкат дошта, доир ба фаъолияти дуюнимсолаи аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҳисоботу маърӯзаҳо намуданд. Мавриди зикр аст, ки мазмуну муҳтавои Конфронси мазкур агар аз як тараф шунидани ҳисоботу интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ бошад, инчунин аз ҷониби дигар доир ба вазифаҳои минбаъдаи масъулин ва фаъолони ҳизб дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи оинномавию барномавии ҳизбӣ, амалинамоии сиёсати хирадмандонаву бунёдгузоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ маърӯзаю музокираҳо карда шуд. Ҳангоми баёни маърӯзаву дар рафти музокираҳо аз ҷониби вакилон бисёр таклифу пешниҳодоти мусоидаткунанда барои вусъат бахшидани корҳои ҳизбӣ рӯйи кор омада, инчунин доир ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву экстремистӣ, тарбияи сиёсии аъзои ҳизб, мустаҳкам кардани ТИҲ дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба тартиб даровардани кори комиссияи тафтишотӣ, гузаронидани вохурӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, барпо намудани мулоқоту суҳбатҳо доир ба мубориза бар зидди хатарҳои замон, ҷалб намудани ҷавонон ба сафи ҳизб ва ба ин васила пур намудани фазои холии сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии аъзои ҳизб, васеъ истифода бурдан аз имкониятҳои мавҷуда бобати ба даст овардани грантҳо аз фондҳои муайяни давлатию ғайридавлатӣ барои вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, омодагӣ бо интихоботи дар пешистода ва пурқувват намудани захираи кадрии вакилӣ, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҳизб, таблиғи арзишҳои маънавӣ, тарғиби мафҳуми дунявият ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ бобати озодии виҷдон ва эътиқод», ҷалби ҷавонон ба ташкил ва баргузории чорабиниҳоифарҳангию сиёсии дар пеш истода, тарғиби ҳуввияти миллӣ, саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам ва Муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Анвар Ҷалилов баён гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.