Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаъолияти дубораи масҷидҳо масъулият мехоҳад

Фаъолияти дубораи масҷидҳо масъулият мехоҳад

31-03-2020, 09:29
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти дубораи масҷидҳо масъулият мехоҳад
«Коронавирус» ҳамчун маризии сироятӣ имрӯзҳо марзи наздик ба 200 давлати сайёраро убур намуда, ҳолатҳои сироятёбии аҳли башарият ба он то ба ҳол идома дорад. Вобаста ба пешгирӣ аз доманпаҳннамоӣ ба ин беморӣ кулли мамлакатҳои олам тадбирҳои амалие рӯи даст гирифтаанд. Кишварҳои мусалмониву аҳолии мусалмондошта дар ин самт ҳатто ҷамъомадҳои динӣ ва намозгузории дастаҷамъонаро дар масоҷид қатъ кардаанд. Хушбахтона, ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба ин вирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳафтаи гузашта, мақомоти дахлдори мамлакат ҷиҳати таъмини озодии динӣ дар кишвар баъд аз таваққуфи зиёда аз 10 рӯза дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон дубора боз намуданд. Вобаста ба ҳолати бавуқӯъомада ва дар доираи ин тасмими мақомот масъулияти бар дӯши иттиҳодияҳои диниву мардуми кишвар вогузоршуда, суҳбате доштем бо Абдураҳмон Мавлонов, сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Дар робита ба вазъи бавуқӯъомада ҷиҳати пешгирии маризиҳои сироятӣ дини ислом ба пайравони худ чӣ дастуроте медиҳад?
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус, бемории «коронавирус» тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, то мардуми кишвар дар амон бошанд. Сари вақт гузаронидани тадбирҳои профилактикӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ боис гаштанд, ки ин беморӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол наёбад.
Ҳифзи саломатии инсон дар таълимоти дини ислом дар мадди аввал меистад. Худованд ба инсон неъмати бузург — ҳаёт бахшидааст ва мусулмонон бояд саломатии худро ҳифз намоянд.
Дар навбати худ, мардум низ бояд донанд, ки беэътиноӣ ва риоя накардани қоидаҳои беҳдошт боиси зарари ҷисмонӣ ва сироятёбии дигарон гашта, тибқи таълимоти дини ислом худро ба вартаи ҳалокат афкандан қатъиян ҷоиз нест.
Дар ин маврид, дар Қуръони карим гуфта шудааст:
«Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (сураи Бақара, ояти 195).
Бояд донист, ки дар таърихи башарият хуруҷи бемориҳои сироятӣ сабаби марги ҳазорон одамон гаштааст. Бо назардошти ин, дар партави таълимоти пайғамбари ислом (с) одамон бояд аз сафар намудан ба кишварҳое, ки дар онҳо «коронавирус» хуруҷ намудааст, инчунин, аз сафар ба ҳаҷи умра худдорӣ намоянд.
Дар ин хусус, паёмбар (с) фармудаанд: «Вақте роҷеъ ба бемории сирояткунанда дар сарзамине иттилоъ ёфтед, ба он дохил нашавед ва ҳар гоҳ дар сарзамине будед, ки дар он ҷо бемории сироятӣ хуруҷ кард, пас, аз он сарзамин берун нашавед».
- Тасмими мақомоти дахлдори мамлакат дар робита ба иҷозати фаъолияти дубораи масҷидҳо пешорӯи иттиҳодияҳои динӣ ва мардуми кишвар чӣ масъулияте вогузор менамояд?
- Имрӯзҳо хуруҷи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории «коронавирус» ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар ақсои олам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар кишварҳои Чин, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Испания, Италия, Эрон, Афғонистон ва дигар давлатҳо ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдоштро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро ҳеҷ як гурӯҳи синнусолӣ аз ин бемории хатарнок дар амон нест.
Аксари давлатҳои дунё ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан сарҳадҳои худро баста, дар донишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти миёна таътил эълон намуданд. Аз ҷумла, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муваққатан анҷом додани ҳаҷи умраро манъ намуда, дарҳои Ҳарам ва Масҷиди Набавиро низ баст.
Дар ин раванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамагӣ чанд рӯз иттиҳодияҳои динӣ фаъолият накарданд, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъомаду консертҳо, бозиҳои футбол ва дигар чорабиниҳо ба таъхир монда шуданд. Дар ин муддат, тамоми иттиҳодияҳои динӣ — толорҳо, таҳоратхонаҳо бо маҳлулҳои махсус покиза карда шуданд. Маҳз сари вақт роҳандозӣ намудани чораҳои профилактикӣ боис гашт, ки хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон кас ба ин бемории мудҳиш гирифтор нашуд. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо бепарво бошем, баръакс, масъулияти инсониву имонии мост, ки дар рӯ ба рӯи чунин таҳдид масъулияти бештаре аз худ нишон диҳем. Дуруст аст, мо шукрона мекунем, ки дар чунин вазъ дари масоҷиди мо кушода аст, аммо набояд аз чунин шароит сӯиистифода сурат бигирад. Мусулмон набояд коре кунад, ки бар зарари дигарон бошад.
Аз ин хотир, аз шахсоне, ки дар онҳо нишонаҳои беморӣ зоҳир шудааст, хоҳиш карда мешавад, ки намозҳоро дар хонаашон хонанд ва ба ҷойҳои издиҳоми мардум, аз қабили масҷидҳо, тӯю маъракаҳо нараванд, зеро ба сабаби сироят намудани шахсони солим, ба ҷои савоб гуноҳ мегиранд. Дар ин хусус, аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р) ривоят аст, ки Ибни Аббос (р) дар яке аз рӯзҳое, ки (борон борид ва) роҳ лой буд, хутбаро хонд ва ба муаззин амр кард, ки ба мардум бигӯй, то намозҳоро дар хонаҳои худ адо намоянд. Дар шарҳи ҳадиси мазкур гуфта шудааст, ки: «Борону сардии шадид, беморӣ ва тарс аз душман ҳозир нашудан ба намози ҷамоатро ҷоиз мегардонад».
Гузашта аз ин, аз шахсони бемор дурӣ ҷустан лозим аст, зеро пайғамбари ислом (с) чунин дастур додаанд, ки : «Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед …».
- Бо суистифода аз ҳолати бавуқӯъомада ва ҳарчӣ зиёдтар доман паҳн намудани бемории сироятии «коронавирус» дар сайёра, баъзе аз тоҷирону савдогарон, арзиши маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро боло мебаранд. Дар ин ҳолат шариати исломӣ ба чунин афрод чӣ муқаррароте муайян намудааст?
- Мутаассифона, баъзе савдогарони беинсоф аз фурсат истифода бурда, дар байни ҷомеа хабарҳои бардурӯғ паҳн намуданд, ки дар натиҷа, одамон ба таҳлука дода шуда, ба харидории орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пардохтанд. Чунин амал дар шариат «эҳтиёткор» маҳсуб меёбад. Муҳтакир шахсеро гӯянд, ки молҳои ниёзи мардумро захира мекунад, то вақти қимат шуданаш фурӯшад. Чунин ашхосро пайғамбар (с) лаънат кардаанд.
Аз ин лиҳоз, тоҷирону савдогаронро мебояд, дар ин маврид, амиқ андеша намоянд ва фаромӯш накунанд, ки ба қавли паёмбари ислом (с) «Тоҷири амонатдори ростгӯ ҳамроҳи паёмбарону сиддиқон аст».
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: