Дугоникҳои дуранга10-02-2016, 15:13
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Чӣ хеле, ки волидони дугоникҳои бритониёӣ Ханна Яркери 20-сола ва Кайл Армстронги 24-сола мегӯянд, чунин рӯйдод дар байни миллион нафар оилаҳо, танҳо дар як оила рӯй медиҳад.
Ҳангоми таваллуд намудани занаш Ханна, Кайл Армстронг дар ҳайрат монд, зеро ҳамсари ӯ дугоникҳоеро ба дунё овард, ки пусти онҳо аз ҳамдигар тафовут дошт. Аҷоиботаш боз дар он аст, ки ин дугоникҳо бо хислату рафтори худ аз ҳамдигар тамоман фарқ мекунанд. Агар яке оромтабиат бошад, дигаре бадҷаҳлу ноором аст. Ин волидон яке рангинпуст ҳасту дигаре сафедпуст ва духтари онҳо Анайа генаи модарро гирифтаасту Мила бошад ба генаи падараш рафтааст. Волидони ин дугоникҳо нақл мекунанд, ки ба мағоза ором рафта наметавонанд ва дар ҳар қадам аз онҳо мепурсанд, ки дар ҳақиқат ин дугоникҳо фарзандони онҳоянд. ©Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.