Пешниҳоди як пизишки рус: Воҳимачиҳо ҷазо дода шаванд5-03-2020, 15:58
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Ҷарроҳи машҳури рус, профессор Леонид Рошал дар як мусоҳибааш пешниҳод кард, он нафароне, ки дар мавриди бемории коронавирус байни мардум воҳима меандозанд, ҷазо дода шаванд. Ин духтури машҳур, ки солҳои дароз дар баробари кори амалӣ роҳбарии Пажӯҳишгоҳи илмию таъҷилии ҷарроҳӣ ва травматологияи кӯдакон (2003–2015)- и Русияро бар уҳда дошт, афзуд: «мардум набояд ба ҳангомаҳо дар мавриди бемории коронавирус дода шаванд, балки баръакс, дар чунин як вазъияти пешомада бо сабру таҳаммул бошанд, орому осуда зиндагӣ кунанд. "Ман ҳоло вазъияти баамаломада назорат мебарам. Ҳамин чандлаҳза пеш хабаре ба дастам расид, ки гўё дар Маскав теъдоди мубталоёни маризии коронавирус аз марзи ҳазорҳо нафар гузаштааст ва шаҳрвандон бояд зуд маводи ғизоӣ ва доруворӣ харида, захира намоянд. Ин гуна овозаҳо асоси воқеӣ надоранд ва ба нафароне, ки дигаронро дар изтироб меандозанд, бояд зудтар ҷазои сахт дода шаванд. Мардум бояд ором ва осуда зиндагӣ кунанд», - изҳор дошт Рошал. Ба андешаи ин табиб, коронавирус аз зукоми оддӣ (грипп) на онқадар даҳшатноктар аст, чун ҳамасола бар асари зуком ҳам шумораи зиёди одамон мемиранд. Ў аз тамоми шаҳрвандон даъват намудаст, ки ба воҳимаҳои беасос дода нашаванд ва миқдори зиёди доруҳои нолозимро низ нахаранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳои духтури рус, метавон дар мавриди воҳимачиёну иғвоангезон дар Тоҷикистон низ чунин пешниҳодро кард. Зеро аз чоршанбе,4 март сар карда, баъзе аз воҳимачиён дар байни мардум овоза карда истодаанд, ки овардани орд манъ мешавад ва дар кишвар гуруснагӣ пеш меояд. Ин сабаб шуд, ки мардуми ноогоҳ ба таҳлука афтода, ба хариди бенизому аз ҳад зиёди маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама орду равған сар карданд. Ба назари ман, онҳое, ки пеши назари ҳамагон ва бо худнамоишдиҳӣ миқдори маҳсулоти ғизоиро харидорӣ мекунанд ва боиси халалдор шудани низоми савдо, пеш омадани камбуду норасоии маҳсулот дар бозору фурўшгоҳҳо мешаванд, низ аз воҳимачиҳову иғвогарҳо дида, зиёдтар дар бесубот кардани ҷомеа нақш доранд ва бояд мақомоти масъули давлат ҳар чи тезтар нисбаташон чораҷўӣ кунанд. С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.