Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» ФАЙЗОБОД: ҲХДТ 50,51 ФОИЗИ РАЪЙИ МАРДУМРО СОҲИБ ШУД

ФАЙЗОБОД: ҲХДТ 50,51 ФОИЗИ РАЪЙИ МАРДУМРО СОҲИБ ШУД

6-03-2020, 09:36
Хабарро хонданд: 90 нафар
Назарҳо: 0
ФАЙЗОБОД: ҲХДТ 50,51 ФОИЗИ РАЪЙИ МАРДУМРО СОҲИБ ШУД
1 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид.
Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод интихобкунандагон аз субҳи барвақт ба участкаи интихоботии №12, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Раҷабмурод Орипов воқеъ буд, омада, ба номзадҳои аразанда раъй медоданд. Тавре мушоҳида кардем, пиру ҷавон ба ин участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, барои раъйдиҳӣ навбат мепоиданд.
Бобои Нурулло Ниёзов куҳансолтарин муйсафеди деҳаи мо аст. ӯ 95 сол дорад ва ба сину соли худ нигоҳ накарда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, овоз дод ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардидан ва пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон дуои хайр намуд. Ин пирамади солхӯрда дар суҳбат бо мо гуфт: “Нисбат ба ояндаи давлату миллати худ бетараф нестам ва маҳз аз ҳамин хотир кӯшиш кардам, ки дар интихобот иштирок кунам ва ба ҳизб ва номзадҳои арзанда раъй диҳам. Нахостам дар хона нишаста, интизор шавам, ки қуттии сайёрро биёранду ман овоз диҳам. Аз сӯи дигар, интихобот ҳам як баҳонае шуд, ки ман масъулиятро эҳсос намуда, каме ҳаракат кардам”. Бобои Нурулло, дар гузашта, солҳои дароз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Раҷабмурод Орипов ба ҳайси хоҷагидор кору фаъолият мекард. Дар саҳни мактаб ба асои дасташ такя карда, қоматашро рост намуда, ба атроф назар карду гуфт: “Ин муассисаи таълимӣ барои ман як макони муқаддас аст, зеро ман солҳо дар ин ҷо кор кардааму нон ёфтаам. Солҳои пеш синфхонаҳо намерасиданд, баъзе мактаббачаҳо дар вагонҳо дарс мехонданд. Имрӯз хеле дигаргуниҳои мусбат ба назар мерасад. Шукр, ки он рӯзҳои сахт паси сар шуданд”.
Дар участкаи интихоботии №12 тамоми шароити зарурӣ фароҳам буд. Нуралӣ Табаров, раиси участкаи интихоботии мазкур изҳор дошт, ки шумораи умумии интихобкунандагон 2400 нафарро ташкил медиҳад ва давоми чаҳор соати рафти интихобот, ба ҷуз 181 нафари дар муҳоҷирати меҳнатибуда ва 18 нафари дорои маъюбият ва пирони барҷомонда, аллакай 860 нафар ширкат кардаанд. Номбурда, ҳамзамон, афзуд, ки аз шумораи умумии интихобкунандагон 240 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд ва онҳо то баргузории интихобот тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ огоҳонида шуданд.
Дар участкаи интихоботии №15-и ҷамоати мазкур бошад, мардум бо як рӯҳияи баланд дар интихобот ширкат мекарданд ва дар рустои Ҷонварсӯз низ фазои интихоботӣ бараъло мушоҳида мешуд. Абулқосим Бобохонов, раиси участкаи интихоботии №15 дар суҳбат бо мо гуфт: «Интихобкунандагон бо як табъи болида меоянду овоз медиҳанд. Дар участкаи №15 ҳамагӣ 1431 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. 141 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. То соати 13:00 аллакай 795 нафар иштирок кардаанд. То ин дам ягон нафар аз мушоҳидони байналмилалӣ ба участкаи №15 ташриф наовардаанд”.
Вақте аз участкаи интихоботии №18-и маркази ноҳия дидан кардем, интихобкунандагон ангуштшумор ба назар мерасиданд. Ислом Ғиёсов, котиби участкаи мазкур гуфт, то соати 12:00, аллакай 60 фоизи овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд. Шумораи умумии раъйдиҳандагони ин участка 2483 нафарро ташкил медиҳад, ки ба ҷуз 261 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва 18 нафар шахсони дорои маъюбият ва пирони барҷомонда, 1460 нафар омада, номзадҳои худро интихоб кардаанд. И. Ғиёсов гуфт: “Дар участкаи №18, се нафар мушоҳидони байналмилаӣ рафти интихоботро назорат кардаанд ва ба ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои баланд доданд”.
Ҳавзаи ҳудуди якмандатии интихоботии Файзобод №11, ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун пурра, қисми шаҳри Ваҳдат ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Бозорбой Бурунов, ба номи Абдулло Абдулвосиев, қисми ноҳияи Нуробод дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма, Комсомолобод, Муҷахарф ва Ҳакимиро дар бар мегирад.
Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии №11 иброз дошт: “Шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза 148 ҳазору 241 нафарро ташкил медиҳад, ки то соати 12:00 аллакай, 92 ҳазору 564 нафар ё худ 62,4 фоизи интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд”.
Тавре мо мушоҳида намудем, аз ҳавзаи мазкур се нафар мушоҳидони байналмилалӣ- Галина Александровна Доставалова, котиби комиссияи интихоботии вилояти Кургани Федератсияи Россия, Лебедева Наталя Сергеевна, сардори шуъбаи комиссияи интихоботии вилояти Кургани Федератсияи Россия ва Танисеева Олга Александровна, мушовири комиссияи интихоботии вилояти Кургани Федератсияи Россия дидан карданд ва ба кори масъулини ҳавза баҳои баланд доданд.
Сафомуддин Насриддинов, котиби ҳавзаи №11 рӯзи 3 март иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ аз шумораи умумии интихобкунандагон дар маҷмуъ, 85, 7 дарсади нтихобкунандагон иштирок кардаанд.
Ба иттилои номбурда, мувофиқи натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи №11, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15,57 %, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,15 %, Ҳизби ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 17,38 %, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 2,94%, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 4,27%, Ҳизби сотсиал- Демократии Тоҷикистон 0,24% ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 50,51 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудаанд.
Мавсуф, инчунин, илова намуд, Файзулло Наҷмиддинов, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки номзадии ӯ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №11 дар конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Нуробод ва Файзобод пешбарӣ шуда буд, аз рӯи натиҷаҳои пешакии интихобот 75 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Ҳамин тариқ, Ёрибег Қаҳоров 20 фоиз ва Тағоймурод Ғуломов 5 фоиз раъй гирифтаанд.

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: