Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пиру ҷавон овоз доданд

Пиру ҷавон овоз доданд

2-03-2020, 11:58
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
  Пиру ҷавон овоз доданд
Рӯзи интихобот аз саҳар офтобӣ буд. Шояд ба ин сабаб иштироки васеи мардум дар овоздиҳӣ дар китъае, ки мо будем, ба чашм мерасид. Ба ҳукме, ҳатто табиат ҳам шароити муносибу созандаро барои ба таври густурда гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ фароҳам намуда буд.
Дар участкаи интихоботии № 57, воқеъ дар деҳаи Нилкон, ноҳияи Рудакӣ кори комиссия мутобиқи барнома аз пагоҳии барвақт оѓоз гардид. Ба гуфтаи аъзои комиссия, мусафедони саҳархез пас аз намоз якбора ва дастҷамъона аз масҷид рост ба участка омада, баъди овоз додан ба хонаҳояшон рафтанд. Дар навбати дуюм, касоне омаданд, ки худ ҷои дигар коре доштанд, онҳо низ барвақт ба участкаи интихоботӣ, ки дар бинои МТМУ № 47 ҷой гирифта буд, омада овоз доданд ва сипас пушти кори худ шуданд.
Соати 8 то 10 ба мушоҳидаи мо, вақти авҷи овоздиҳӣ буд, ҷавонону мардону занони калонсол пайи ҳам вориди саҳни мактаб шуда, бо пешниҳоди даъватномаҳояшон, ки дар он шумораи ҳавзаи интихоботӣ, маҳали участкаи овоздиҳӣ, замони кори комиссияи интихоботии қитъаи номбурда навишта шуда буд, ҳозир мешуданд.
Дар миёни овоздиҳандагон шояд ман ягона нафаре будам, ки бо ду набераи худ омада будам. Ҳадаф шинос кардани онҳо бо тарзи баргузории интихоботу иштироки бевосита дар интихоби номзад ва додани овоз буд. Аз сӯи дигар, ҳар дуи онҳо имсол бояд ба мактаб раванд, ва пешопеш дидани роҳу ба дохили бинои мактаб даромадан ҳам ба назарам, барояшон шавқовар менамуд. Як рӯз пеш, вақте даъватномаро оварданд, ҳар ду бисёр донистан мехостанд, ки интихобот чисту чӣ гуна баргузор мешавад.
Хурсандиовар буд, ки барои овоз додан мо дар навбат меистодем ( ҳолате, ки баъдтар аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои хабарии телевизионҳо дар бисёр ҳавазаҳои дигари интихоботӣ чи дар дохил ва чӣ дар хориҷ ба мушоҳида мерасид).
Дар суҳбате, ки бо раиси комиссияи интихоботии ин қитъаи овоздиҳӣ доштем, суханро бо ёдоварӣ аз ҳамин ҳолати суруру фараҳбахш сар кардам.   Пиру ҷавон овоз доданд
Мақсадулло Сангов, ки ин масъулиятро дорад ва ҳамзамон директори МТМУ № 47 аст, низ аз саҳар иштироки фаъолонаи овоздиҳандагонро тасдиқ кард ва афзуд:
- Аҳамияти интихоботро ҳама дарк мекунанд ва ин рӯйдоди муҳим, ки дар панҷ сол як бор пеш меояд, аз аз ҳамаи мо, шаҳрвандон ва махсусан мо, шахсони масъул талаб менамояд, ки муносибати ҷиддӣ нисбат ба он зоҳир намоем. Зеро фароҳам овардани шароити орому муносиб аз шартҳоест, ки боиси баргузории интихоботи шаффоф мегардад.
Мавсуф таъкид кард, «қариб 2 ҳазор, агар дақиқашро гӯям - 1983 овоздиҳанда дорем. Ба ҳамаи онҳо аъзои комиссияи интихобот даъватнома навишта равон карданд. Аммо аз саҳар маълум гардид, ки ба баъзеҳо даъватнома нарасидааст, бо вуҷуди ин овоздиҳандагон худашон омада, номашонро ба аъзои комиссия маълум мекунанд ва варақаҳои овоздиҳиро гирифта, ба ҳизбу шахсони хостаашон овоз медиҳанд.
Мо, дар суҳбатҳо бо интихобкунандагон фаҳмонидем, ки номзадҳо ҳама фарзандони лоиқи миллат ҳастанд ва шумо аз миёни онҳо ба вакилӣ дар Парламенту маҷлисҳои маҳаллӣ, ки гарави пешрафту шукуфоии ватани маҳбубамон аст, беҳтаринҳоро интихоб кунед. Хушбахтона, имрӯз бо иштироки фаъолонаи худ, сокинони деҳа собит карданд, ки ҳамзамон бо иштирок ва интихоби вакили худ дар ин тадбири сиёсӣ, дар таъмини заминаи рушду ободии ватани азизамон содиқона саҳм мегузоранд.
Дар вақти суҳбат маълум гардид, ки дар ин қитъаи овоздиҳӣ қариб 20 нафар бори ававл овоз медиҳанд ва бо онҳо аъзои комиссия ба таври ҷудогона тарзи овоз доданро фаҳмонидааст.
Аммо тавре раиси комиссияи қитъавии интихобот гуфт: - Ин маърака ҳаяҷонангез аст ва сарфи назар аз он ки одам борҳо дар он иштирок дошта бошад ҳам, вақти гирифтани булутенҳои овоздиҳӣ, интихоби исми номзади пазируфтааш ва инчунин замони ба қуттӣ партофтани баргаҳои овоз боз ҳам ба ҳаяҷон меояд. Инро манн бо бардошт аз таҷрибаи иштирок дар комиссия дар чанд интихоботи гузашта мегӯям, таъкид кард Сангов ва афзуд: - Бинобар ин, аъзои комиссия ва дастёрони мо, ки аз ҳисоби омӯзгорон хоста гирифтаем, вақти овоздиҳӣ тайёранд, ки ба ҳар як нафар ёрӣ диҳанд.
Ин сухани раиси комиссия дар ҳақиқат, чӣ хеле мегӯянд, ҷон дорад, зеро худи ман ҳам бо таҷрибаи ҷандсолаи ширкат дар чунин маъракаҳо ин бор ҳам замони ба участкаи интихобот даромадан аз нав зери ҳаяҷону изтироб қарор гирифтам…
Пас аз овоздиҳӣ, дар саҳни мақтаб бо раиси маҳалла Неъмат Қодиров рӯ ба рӯ задем. Ба якдигар ин рӯзи хотирмонро муборак бод гуфтем. Чун аз фазои идонаи мактаб гап оѓоз намудам, ба такмили суханонам гуфт, ки имрӯз дар ҳақиқат ид аст, зеро аз дуру наздик меҳмонон меоянд. Барои он ки дар хиҷолат намонем, Кумитаи маҳалла, бо ёрии фаъолони деҳа, шахсони накӯкор, умуман ҳар сокини деҳа кӯчаю атрофи маҳали зисташонро покиза ва тозаву озода гардониданд. Ана ин дарахтони сарсабзи санавбарро, ки ҷои дигар шинонида будему бояд онҷо бозсозӣ шавад, канда ба канори ҳавлии мактаб кӯчонидем. Омӯзгорону хонандагони мактаб ҳам барои ороставу озода кардани саҳни мактаб заҳмати зиёд кашиданд. Акнун ҳоло ҳар кас баробари ба ин ҷо даромадан рӯҳияи идонаро эҳсос мекунад.
Вақте пас аз овоздиҳӣ ва бо дидани чандин шиносу дӯстон бо табъу рӯҳи болида аз саҳни мақтаб берун омадем, яке аз набераҳо бо хурсандӣ гуфт: - Бобо, бинед! - Чун ба сӯи ҳамроҳонам, ки машѓули суҳбатҳо шуда, аз ёдам рафта буданд,нигаристам, дар дасти ҳар ду яктоӣ меваи мандарин дидам. Маълум гардид, ки вақти суҳбати сарипоии мо бо раиси комиссия ба кӯдакон меҳрубонӣ карда, ин меваҳоро додаанд.
Амале, ки ҳеҷ яке аз мо интизорашро надоштем.
Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: