Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бибиосия АЮБӢ: ТАРБИЯИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС МАРОМИ ҲИЗБИ МОСТ

Бибиосия АЮБӢ: ТАРБИЯИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС МАРОМИ ҲИЗБИ МОСТ

26-02-2020, 14:19
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Бибиосия АЮБӢ: ТАРБИЯИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС МАРОМИ ҲИЗБИ МОСТ
Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода 5 марти соли 1976 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисосаш филолог, сиёсатшинос. Феълан, унвонҷўи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1998 ба ҳайси мутахассиси идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз намуда, то соли 2003 дар ин кумита дар вазифаҳои сармутахассиси идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагон, сармутахассиси идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои миллӣ, сардори идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагон ва ба ҳайси муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2003 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва аз соли 2010 дар мансаби муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2014 дар мансаби муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Номзадии ў ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ дар қатори 28 нафар пешбарӣ гардид.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, то баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рўзҳои башумор боқӣ мондааст. Бо истифода аз фурсати муносиб дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем.

- Дар интихоботи имсола теъдоди хеле зиёди бонувони касбу кори гуногун, ки аъзои фаъоли ҲХДТ ҳастанд, ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ширкат меварзанд. Назари шуморо роҷеъ ба ин масъала донистан мехостем.

- Дар дилхоҳ ҷомеа қолабҳои таърихан шаклгирифтаи гендерӣ омилҳои асосие маҳсуб мегарданд, ки дар ин ё он сатҳ барои худтатбиқкунӣ ва рушди касбии занон монеа мешаванд. Яъне, тўли асрҳо ҷомеа ҷойгоҳи муҳим ва асосии иҷтимоии занро пеш аз ҳама, ҳамчун модар ва тарбиятгар мешиносад. Дастовардҳои касбӣ ва мансабӣ бошанд, дуюмдараҷа дониста мешаванд.
Боиси сарфарозии мо-бонувони тоҷик аст, ки дар баробари масъалаҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ тақвият додани саҳми занону духтарон дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пайваста дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароѓи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем».
Дар робита ба ин, бо мақсади тақвият бахшидани иштироки бонувон дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилаи тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардида, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Вобаста ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, аз ҷумла ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, пеш аз ҳама, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим дошта, барои таҳкими сиёсати гендерӣ заминаи устувор гузошт. Ҷиҳати таъмини иҷрои фармони мазкур мақомоти давлатӣ масъалаи ба ҳайати роҳбарикунанда, аз ҷумла дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари мақомоти давлатӣ ва ҷамоатҳо таъйин (интихоб) намудани занонро тақвият бахшиданд.
Бо мақсади ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии занону мардон ва бартараф намудани баъзе қолабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ташаккули афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 қабул гардид, ки масъалаҳои таъмини воқеии кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занонро ба танзим медарорад. Минбаъд ҳам, дар ин самт, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки барои иштироки бештари занон дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нигаронида шудаанд.
Падидаи дигаре, ки мавқеи фаъол ва устувори Сарвари давлати моро дар таъмини баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалаҳои гендерӣ собит месозад, дар он ифода мегардад, ки зимни ироаи Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола, ба масъалаҳои ширкати васеи занон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Вақте сухан сари иштироки фаъоли бонувон дар маъракаи муҳими сиёсӣ меравад, бояд қайд намоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз оѓози фаъолият бо барномаҳои мукаммал барои рушди бомаром ва устувори кишварамон ҳисса мегузорад, дар татбиқи сиёсати гендерӣ низ пешсаф аст ва дар паҳлуи мақомоти давлатӣ барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеии мардону занон дар ҷомеа, ҷалби бонувон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ пайваста талош меварзад ва дар маҷмўъ, бонувон ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи ҳизби мо қарор доранд. Яъне, бештар пешниҳод шудани бонувон иқдоми навбатии ҳизби мост, ки дар самти таъмини баробарии гендерӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар давоми беш аз ду даҳсолае, ки ҳизби мо фаъолият менамояд, пайваста таҳким бахшидани иқтидори кадрии ҳизб, аз ҷумла аз ҳисоби бонувон ва ҷавонони касбу кори гуногун ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнок арзёбӣ мегардад. Дар натиҷа, ҳоло сафҳои ҳизби мо теъдоди зиёди бонувони соҳибкасбро фаро мегирад, ки ҳамзамон, дар зинаҳои мухталифи мудирият таҷрибаи кофӣ гирифтаанд, дар мавзўъҳои муҳими соҳаҳои гуногун пажўҳиш анҷом додаанд, таҳқиқот мебаранд, мушкилоти мавҷудаи ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеаро солҳои тулонӣ омўхтаанд, хуб дарк мекунанд ва дар ҷомеа соҳибэҳтиром ҳастанд. Табиист, ки ин нишондиҳандаҳо барои фаъолияти вакилӣ дар парлумони касбӣ муҳим арзёбӣ мегарданд ва барои беҳтар гардидани сифати қонунҳои таҳияшаванда мусоидат менамоянд.
Аз ҷониби дигар, бонувони мо бо дарназардошти таҷрибаи андўхтаи худ мушкилоти занонро беҳтару хубтар ва амиқтар дарк мекунанд ва агар вакил интихоб шаванд, бешубҳа дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои гендериро танзим менамоянд, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои бонувон, дастрасии бештари бонувон ба захираҳои молиявӣ, рушди соҳибкории занон, ҳунаромўзии бонувон ва амсоли ин нигаронида шудаанд, саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Бинобар ин, фикр мекунам, ки пешниҳоди бонувони фаъолу арзанда аз ҷониби ҲХДТ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби мо дар татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ пешсаф аст, мо боз як қадами устуворро чун ҳарвақта барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои барномавии ҳизби худ қотеона гузоштем ва дар роҳи амалӣ намудани ин ҳадафҳо дар самти таъмини баробарии гендерӣ мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ҳамкории созанда ва муассир даъват мекунем.

- Агар вакил интихоб шавед, дар самти дастгирии бонувон чӣ нақшаҳое доред?

- Албатта, дар сурати вакил интихоб гардиданам, фаъолияти ман пеш аз ҳама, ба татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ равона мегардад. Дар навбати аввал, саъй мекунам, ки чун як нафар вакил дар тарѓибу ташвиқи қонунҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар, хусусан, бонувон нақши назаррас дошта бошам. Сониян, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар бахши сиёсати иҷтимоӣ қисми алоҳидаро вобаста ба сиёсати гендерӣ ва оила пешбинӣ намудааст, ки мутобиқи он дар марҳилаи навбатӣ барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд нақшаҳои мушаххас роҳандозӣ шаванд.
Дар ин самт, беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи кафолатҳои иҷтимоии модарони танҳо, занону духтарони деҳот, вусъат бахшидани барномаҳои дастгирии иқтисодии занон, пешгирии зўроварӣ дар оила, мусоидат дар ҳифзи устувории оила ҳамчун арзиши олӣ дар радифи ҳадафҳои муҳими ҳизби мо арзёбӣ мегарданд.
ҲХДТ ба мақсад мувофиқ медонад, ки аз иқтидори кадрии бонувон ҳамчун неруи созанда ҳадафмандона истифода карда шавад. Аз ин рў, тақвият додани сатҳи иштироки занон дар мақомоти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ, хусусан, дар сатҳи қабули қарорҳо, инчунин, зина ба зина тарбия намудани кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат аз зумраи вазифаҳои муҳими мо дар марҳилаи навбатист. Албатта, дар ин самт, ман саъй хоҳам кард, ки дар таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои баробарии гендериро танзим менамоянд, барои ҳалли масъалаҳо дар ин самт мусоидат менамоянд, ҳиссагузор бошам. Ҳамзамон, мақсад гузоштаам, ки дар муҳокимаҳои парлумонӣ ва ҷамъиятие, ки ба натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ вобаста ба таҳкими ҷойгоҳи бонувон дар кишвар нигаронида мешаванд, иштироки фаъол дошта бошам, инчунин, ба хотири дар сатҳи беҳтар ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа ҳамкориҳои самарабахшро роҳандозӣ намоям.
Зимни баррасии натиҷаҳои татбиқи барномаҳои зикршуда мекўшам, ки таваҷҷуҳи сохторҳои дахлдорро ба масоили парвариши афкори омма вобаста ба таҳкими нақш ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ ва ба ин васила фароҳам овардани замина баҳри ҷалби бештари духтарони ҷавон ба идоракунӣ дар кулли соҳаҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии бонувон, ба инобат гирифтани дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд зимни таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал, истифодаи ҳадафмандонаи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла озмунҳо барои ишѓоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва таъйин бо розигии тарафи дигар ҳангоми пурра намудани роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ, омода намудани занон-сарварони оянда тавассути курсҳои махсуси омўзишӣ, мониторинги фаъолияти бонувон-хатмкардагони курсҳои мазкур, таҳқиқу пажўҳиши ҷанбаҳои мухталифи масоили иштироки занон дар мудирияти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷалб намоям.

- Аз шарҳи ҳолатон бармеояд, ки беш аз 21 сол аст, дар хидмати давлатӣ ҳастед. Аз назари шумо, фаъолият дар хидмати давлатӣ барои як зан чӣ гуна аст?
- Бале, хидмати давлатӣ хусусиятҳои ба худ хос, дар баробари ин, маҳдудиятҳои худро дорад. Ба андешаи ман, хидмати давлатӣ роҳи мушкил, аммо пурифтихор аст. Муваффақ шудан дар ин роҳ донишҳои қавӣ, омўзиши пайваста, устуворӣ, масъулиятшиносӣ, хоксорӣ ва дар баробари ин аз худ гузаштанҳоро металабад. Риояи одоби касбӣ барои ҳар нафаре, ки дар хидмати халқ аст, рукни асосии фаъолият дониста мешавад. Ман хидмати давлатиро дар маҷмўъ, ҳамчун мактаби бузурги одамият ва мудирият, омўзишгоҳи азими кадрсозӣ шинохтаам.
Хидмати давлатӣ ба ҳайси институти кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро мебозад ва ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба хизмати давлатӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, вогузор карда шудааст.
Агар хизмати давлатиро ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлатии кадрҳо арзёбӣ намоем, вазифаҳои асосии ин ниҳодро дар шароити ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама, мутобиқсозии иқтидорҳои кадрӣ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кадрҳо ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар назди ниҳоди хизмати давлатӣ ҳамарўза вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Татбиқи самараноки технологияҳои кадрӣ, ҷобаҷогузории дурусту оқилонаи кадрҳо, тарбияи кадрҳои ҷавону лаёқатманд омилҳои асосии баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дар маҷмўъ, тақвияти нуфузи хизматчиёни давлатӣ ва ниҳоди хизмати давлатӣ маҳсуб мегарданд.
Воқеан ҳам, барои устуворона қадам гузоштан дар масири таърих ва анҷом додани рисолати худ дар назди ҷомеа барои ҳар як давлат пеш аз ҳама, кадрҳои ба талаботи муосири идоракунӣ ҷавобгў, ба манфиатҳои миллию давлатӣ содиқ ва дорои диди нав заруранд.
Амалияи давлатдории кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбиқи самарабахши сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва нуфузи он дар назди ҷомеа ба салоҳиятнокӣ, донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Яъне, дар хизмати давлатӣ чи қадар хизматчиёни давлатӣ дорои донишу малака, маҳорат ва салоҳиятнокии касбӣ бошанд, ҳамон қадар фаъолияти хизматии онҳо самарабахш гардида, рушди ҳаматарафаю бомароми давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад. Аз ин хотир, бояд ба хизмати давлатӣ шахсони поквиҷдону мутахассисони варзида, салоҳиятнок ва дорои фарҳанги баланд ҷалб карда шаванд, то онҳо ба манфиати халқу Ватан хизмат карда тавонанд.
Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб Ибодуллоҳи ТОҲИР






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: