Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба сарнавишти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватан бетафовут будан худ ҷинояти маънавист

Ба сарнавишти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватан бетафовут будан худ ҷинояти маънавист

21-02-2020, 10:47
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Ба сарнавишти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватан бетафовут будан худ ҷинояти маънавист
Файзулло Баротзода, номзади илмҳои филология, дотсент. 10 феврали соли 1962 дар деҳаи Хоҷачилдиёри поёни шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби таҳсилоти умумии № 47 ба номи Шарифҷон Ӯроқови ҳамин деҳаро бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Аз соли 1979 то соли 1985 дар шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, онро бо ихтисоси филолог – шарқшинос хатм намудааст. Дар рафти таҳсил, аз соли 1982 то соли 1983 дар давлати Либия ба сифати тарҷумони забони арабӣ кор кардааст. Баъд аз хатми Донишгоҳ соли 1985 фаъолияти кории худро аз хидмати ҳарбӣ дар Маркази таълими низомии шаҳри Красноводски Туркманис¬тон ба ҳайси афсари тарҷумони забони арабӣ оғоз карда, аз ҳамон ҷо солҳои 1985-1989 барои анҷом додани сафари кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии арабии Сурия фиристода шудааст.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиро аз моҳи апрели соли 1989 то соли 1993 ба сифати ходими илмии шуъбаи омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Солҳои 1990-1993 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва соли 1995 рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст.
Файзулло Баротзода аз соли 1993 то соли 2004 ба ҳайси ходими илмӣ ва ходими пешбари илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо фаъолият кардааст.Солҳои 2004-2007 ба сифати котиби илмии шуъбаи илмҳои ҷамъиятши¬носии Академияи иқдмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, соли 2007 ба докторантураи Академияи илмҳо дохил шуд. Солҳои 2009-2011 ҷонишини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва аз моҳи феврал то октябри соли 2011 ҷонишин ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии Академияи илмҳо таъйин гардид. Аз моҳи октябри соли 2011 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи ёвари президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.Аз соли 1995 то ҳол, пайваста дар факултетҳои Осиёву Аврупо ва муноси¬бат¬ҳои байналхалқии Донишгоҳи миллииТоҷикистон фаъолияти омўзгориро низ пеш мебарад.
Файзулло Баротзода аз 13 феврали соли 2015 то ҳол дар вазифаи директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Забонҳои англисӣ, арабӣ ва русиро хуб медонад.
Файзулло Баротзода барои хизматҳои шоиста ва фаъолияти пурсамари илмию тахассусӣ 23 феврали соли 1988 бо ордени «Шарафи ҳарбӣ»-и Сурия, моҳи ноябри соли 2011 бо медали «60-солагии Академияи илмҳо», моҳи июни соли 2014 бо медали «290-солагии Махтумқулӣ»-и Туркманистон ва моҳи августи соли 2016 бо ордени Шараф, дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.
Мутахассиси сатҳи баланди соҳаи худ буда, бо таҳлилу матлабҳои худ дар доираи муносиботи вобаста ба дин ва масоили байналмилалӣ дар конфронсҳои дохиливу хориҷӣ ва матбуоти даврӣ пайваста баромад мекунад. Барномаи пешазинтихоботиаш фарогири тамоми масоили мубрам буда,рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифро дар назар дорад:
-Мову Шумо зода ва парвардаи ҳамин кишвари биҳиштосо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем. Аз ин рў, ҳеҷ касе аз мо наметавонад ба сарнавишти давлату миллат, марзу буми Ватани аҷдодӣ, пешрафту тараққиёт ва таъмини ояндаи дурахшони он барои наслҳои оянда бетараф бошад.
Ман аз зумраи шахсоне мебошам, ки ҳаёту ҳастии худро ба омўзиши илму дониш, таҳқиқи фарҳанги миллӣ ва осори динию мазҳабӣ бахшидаам ва ҳамин пешаро то имрўз содиқона давом дода истодаам. Мо худро дар дарки дуруст ва муаррифии арзандаи мероси мондагори ниёгон комёбгашта меҳисобем. Дар ин ҷода, барои мо ноил шудан ба дастовардҳо аз баракати ҳамин касб ва узвият дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муяссар гардид. Гарави пешравиро ман дар эҳтирому дўстдории Ватан, шукргузорӣ аз озодию истиқлолият ва хизмати холисона барои шукуфоии давлату миллат мебинам.
- Ҳадафи асосиатон ҳамчун номзад ба вакилии парламент дар чист?
-Ҳадафи аслии ман аз ширкат намудан дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар татбиқ намудани ормонҳои стратегияи рушди дарозмуҳлати кишвари маҳбубамон ифода меёбад.Барномаи пешазинтихоботии ман, ҳамчун узви ҳизб, дар асоси мазмуну моҳияти барномаи умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» тарҳрезӣ шудааст.
Ҳоло фазои мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа ва афзоиши тамоюлу хатарҳои тундрав ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон кардааст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро авлотару болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад. Барои дарёфти ҳалли дурусти ин масъалаҳо таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, садоқат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ зарур мебошад. Барои расидан ба чунин ҳадафҳо ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар намудани некуаҳволии мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,таҳкими қобилияти шаҳрвандон ва ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ омилҳои муҳимтарин мебошанд.
-Яъне, мешавад гуфт, ки дар самти қонунгузорӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои сиёсӣ барои ҳаллисифатан дигари масоили зикргардида ҳоло метавон корҳои дигаре анҷом дод?
-Оре, ҳамин давраи сифатан нави бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ зарурати таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба марҳилаи рушди устуворро дар матни қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ ба миён овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, албатта, муқаррароти равандҳои муосирро дар қонунгузории миллии худ ба эътибор мегирад.
Аз ин ҷиҳат, ба андешаи мо, дар марҳилаи кунунӣ таъмини пешрафти маориф ва илм гарави рушди устувори ҷомеа шуда метавонад. Танҳо ба василаи беҳтар кардани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот неруи ақлию зеҳнии шаҳрвандон, бахусус насли ҷавонро, ба манфиати ҷомеа ва раванди созандагию ободонӣ сафарбар кардан мумкин аст. Маҳз тарбияи инсони бомаърифат бар пояи рушди устувори илму маориф барои тақвияти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мусоидат менамояд. Шахси бо илму маърифат ва оқилу доно дар кору зиндагӣ ҳам комёб мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Тавоно бувад ҳар ки доно бувад". Барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб мо андешидани чораҳои зерин зарур мешуморем:
-таъмини асосҳои ҳукуқии алоқамандии рушди маорифи миллӣ ва илму истеҳсолот ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои хадафҳои стратегии кишвар;
-вогузор намудани масъулияти барқарор кардани пайванди ногусастании таълиму тарбия бо муқаррароти марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ба зиммаи низоми маорифи миллӣ ва қабули қонунҳои зарурии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф;
-баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии омўзгор, пояи моддӣ-техникии созгор барои омўзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои англисию русӣ;
-барои насли ҷавони лаёқатманд фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, бахусус дар соҳаи илмҳои дақиқ;
-баргардон ва табъу нашри мероси хатти халқи тоҷик ба хотири таҳкими худшиносии миллӣ, махсусан, дар байни насли наврас ва ҷавонон.
Имрўз шаҳрванди бо илму маърифат ва дорои касбу ҳунари муайян ҳам барои оилаву фарзандони худ ва ҳам барои ҷомеа корҳои арзанда анҷом дода метавонад. Аз ин рў, дар шароити муосир танзими бомароми робитаи таълиму тарбия, илму маориф ва истеҳсолот бо кадрҳои баландихтисос, мутахассисони миёнаи касбӣ ва қувваи кории босифат ба ҳамоҳангсозии доиминиёз дорад. Дар ин замина, ҷалби неруи илмию зеҳнии ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои рушди саноати истеҳсолӣ метавонад ҳамчун омили паст кардани сатҳи камбизоатӣ хизмат намояд.
-Барои амалӣ намудани ин нақшаҳо мавҷудияти суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз шартҳои муҳим аст…
-Дуруст аст, танҳо тинҷию оромӣ ва истиқрори сулҳу суботи миллӣ кафолати рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаро муҳайё месозад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб, таъмини пайванди унсурҳои ҳувиятсозва пояҳои осоиши сартосарӣ ба эътибор гирифтани омилҳои зерин бисёр муҳим аст:
-Дар тафаккуру ҷаҳонбинии шаҳрвандон, бахусус насли ҷавон, бояд андешае тарбия дода шавад, ки дар замири онҳопадидаҳои таассубу хурофот ва ифротгароии мафкуравӣҳамчун омили хатарноки сулҳу субот, оромии ҷомеа, рушди илму маориф ва фарҳангу маърифат пазируфта шавад;
-Дар ин росто, таъмини рушди устувори илму маорифро бар пояи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ вобаста донистан низ паҳлуи ҷолиби масъала аст. Ба ин хотир, дар низоми таълиму тарбияи миллӣ ва илми ватанӣба ғояҳои истиқлолият ва озодӣ, Ваҳдати миллӣ, худшиносию ватандўстӣ, арзишҳои маънавии миллат, муқаддасоти миллӣ, ягонагии шаҳрвандӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондўстӣ нақши меҳварӣ бахшидан ва онҳоро унсурҳои таҳкимбахши сулҳу суботи миллӣ донистан мантиқан дуруст ба назар менамояд;
-Аз ин мавқеъ, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон корбурди бемайлон ва қатънашавандаи низоми таълиму тарбия, илму маориф, тарғиби донишҳои дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар низоми таҳсилоти миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва шуурнокии динию дунявии шаҳрвандон ва ҷойгузин сохтани асолати ин арзишҳо дар афкори мардумхусусияти таъсиргузор ва ҷомеасоз дошта метавонад.
Ин ҳолат пойдории маънавии амнияти миллиро ба рушди устувори илму маориф вобаста мегардонад. Зеро бо сабаби хусусияти осебпазир пайдо кардани мушкилоти амниятӣ дар низоми илму маорифи миллӣ, фазои иттилоотӣ, васоити ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ зарурати ба масъалаи таъмини боэътимоди сулҳу субот аҳамияти махсус зоҳир намудан пеш меояд.Аз ин нуқтаи назар, дар низоми маорифи миллӣ ворид намудани тағйирот дар мундариҷаи барномаҳои таълимӣ вобаста ба талабот ва хатару таҳдидҳои замони муосирба унсури кафолатбахши таъмини оромӣ ва амнияти давлатии кишвар мубаддал мегардад.
Ман дар сурати интихоб шуданам ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ худро бо камоли масъулият вазифадор меҳисобам, ки дар мақомоти олии қонунгузорӣ дар самти бунёди асосҳои илмӣ, таҳия ва таъмини пояҳои ҳуқуқии рушди устувори ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум саҳми босазо гузорам.
Ташаккур барои суҳбати фарогир.
Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: