Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд

Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд

18-02-2020, 10:26
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд
Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мегарданд. Ин матлаб зимни мулоқоти ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баён гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот пешниҳод гардид, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Франсия ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд.
Хонум Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намуд, ки аз ҷониби бонувони Франсия либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик Ясмин Гуедар тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯи мӯди либос барои омӯзгорон ва донишҷӯён тренинг ташкил намояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Франсия, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима гардид. Сафири Франсия аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сипас аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкадаи мазкур якчанд китобҳои дизайнерӣ ва таълимӣ туҳфа гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: