Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БРСММ: Баномаҳои мо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа равона шудаанд

БРСММ: Баномаҳои мо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа равона шудаанд

31-01-2020, 11:00
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
БРСММ: Баномаҳои мо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа равона шудаанд акс аз сомонаи БРСММ


Дар бинои БРСММ дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки Ҳамоҳангсоз ва намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндаи Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия Наталия Стригунова ва Роҳбари Фонди трастии БРСММ - Россия Александр Аверченков ва хабарнигорони кишвар баргузор шуд.
Зикр гардид, ки ҳайати ҳукуматии Федератсияи Россия бо натиҷаҳои лоиҳаҳои БРСММ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ карда мешавад, аз наздик дидан карданд. Дар ин ҳайат намояндагони Вазорати рушди иқтисодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия иштирок намуданд. Саҳми Федератсияи Россия дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, аз соли 2014 инҷониб 15 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар доираи Фонди мақсадноки Русия-БРСММ дар Тоҷикистон шаш лоиҳа амалӣ шуда истодаанд, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои иқлим нигаронида шудаанд.
«Тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон низ таъсиргузор аст, аз ин рӯ яке аз соҳаҳое, ки мо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия кор мекунем, ҳалли мушкилоти осебпазирии ин зуҳурот мебошад. Тоҷикистон дар байни давлатҳои партобкунандаи миқдори зиёди газҳои зарарнок ба ҳаво ҷо надошта бошадҳам, аммо таъсири обу ҳаво, ки ба хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқавории кишвар зарар мерасонанд, хеле баланд аст"- мегӯяд намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта. "Бо кӯмаки молиявии Федератсияи Русия ва бо дастгирии мо, Тоҷикистон аллакай аз ҳисоби Фонди Мутобиқсозӣ ба кишвар тақрибан 10 миллион долларро барои ҳалли мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим ба кишвар ҷалб кардааст ва мо умедворем, ки бар асоси ин таҷриба, мо метавонем ба миқдор то 60 миллион доллар кӯмак расонем. "- илова намуд ӯ. Дар ҷараёни боздид, аъзоёни ҳайат бо намояндагони вазоратҳои шарикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрданд, ки дар он рафти татбиқи лоиҳаҳоро баррасӣ ва нақшаҳои ояндаро муҳокима кардаанд.
«Кӯмаки мо бисёрҷониба буда, лоиҳаҳои мо соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро фаро мегиранд. Аллакай соли гузашта панҷ лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои занону ҷавонони деҳот дар водии Зарафшон ва дастгирии онҳо дар самти соҳибкорӣ ва навовариҳо равона гардиданд"- гуфт Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мазкур.
Г. Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: