Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЛАЙКИНГ: АЗ ТАРҒИБ ТО МАСЪУЛИЯТ

ЛАЙКИНГ: АЗ ТАРҒИБ ТО МАСЪУЛИЯТ

29-01-2020, 13:11
Хабарро хонданд: 71 нафар
Назарҳо: 0
ЛАЙКИНГ: АЗ ТАРҒИБ ТО МАСЪУЛИЯТ
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз чолишбарангезтарин мушкилот дар дунёи маҷозии интернет “лайкинг” мебошад. Падидаи мазкур бо гузашти солҳо аз қолаби аслии хеш баромада, айни ҳол, барои пиёда кардани дигар мақсадҳо мавриди истифода қарор мегирад. Анҷоми ин амал дар интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии он ки бо як маротитба зер кардани “лайк” (ё пахши аломати шартиаш) ба шишаи телефони ҳушманд ва тугмаи чапи муши компютер сурат мегирад, метавонад аз ҷониби истифодабаранда (user)ихтилоф барангезад, маводе таблиғ шавад, нафаре таҳқир бинад, боиси ранҷиши хотири дигарон гардад ваҳатто дар анҷоми амалиётҳои террористӣ ба гунае мусоидат шавад. Инчунин, лайкингметавонад ба таодули равонии истифодабаранда халал ворид карда, муътод созад.
Таърифи умумии “лайкинг”(анг. like – хуш (писанд) омадан, нағз дидан, форидан; таҳсин (писанд) кардан, писандидан) чунин аст: “Лайк барои нишон додани мақбулият ва писандидани сурат, матн, маводи аудио-видеоӣ ва дигар маводи дар интернет нашршуда бо зер кардани навиштаи “маъқул” (нравится) ё аломатҳои шартии он ки ангушти калони болобардоштаи даст ё дили сурх аст, ба кор бурда мешавад”.
Дар Фейсбук паҳлуи аломати шартии лайк (like) рақами теъдоди лайкҳои гирифтаи мавод низ нишон дода мешавад. Дар паҳлуи навиштаи “маъқул” (нравится) навиштаи “таъсир” (отреагировать) низ ҳаст, ки бо аломат (смайлик)-ҳои ифодакунандаи ҳолатҳои гуногуни эҳсосот, монанди “ишқ“ бо ишораи аломати дил (супер), “ха-ха” (ха-ха), “оббо!” (Ух ты!), “ғамгин” (сочуствую), “хашмгин” (возмутительно) ифода карда мешаванд.
Айни ҳол,“лайк” дар Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакти, Ютуб, Инстаграм, инчунин, дар бисёре аз блог ва веб-саҳифаҳо низ ба кор бурда мешавад.
Дар мавриди таърихи лайк сомонаи “Аргументи и факты” менависад, ки нахустин маротиба лайк соли 1998 дар шабакаи иҷтимоии Surfbook пайдо шуда, онро барномасози ҳолландӣ Ван Дер Меер ихтироъ намудааст. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бошад, рисолати мазкур танҳо соли 2010 амалӣ гардидааст. Ҳарчанд намояндагони Ван Дер Меер соли 2013 кўшиш намудаанд, ки барои “дуздии лайк” аз корпоратсияи амрикоӣ (Facebook) ҷаримаи бисёрмиллиона рўёнанд, вале ба чизе муваффақ нагаштанд (https://aif.ru/dontknows/ eternal/chto_takoe_layk).Фейсбук баъди таҷриба намудани лайк дар шабакаи хеш ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифодаи онро иҷозат медиҳад.
Дар як муддати кўтоҳ лайкгузорӣ чунон шуҳрат касб менамояд, китибқи ҳисоботи оморӣ истифодабарандагониFacebookҳар дақиқа зиёда аз 4 миллион “лайк” мегузоштаанд, дар ҳоле ки барои ифодаи ҳиссиёти манфӣ аломате гузошта намешуд. Аз ин рў, корбарони ширкатҳои интернетиро лозим омад, ки мақбул набуданро танҳо бо зер кардани як аломат ифода намоянд. Ҳамин тавр, дислайк(анг. disslike – написандидан; қабул надоштан,аломати шартии дислайк баръакси аломати лайк, ки зидмаънои “лайк” буда, зер кардани аломати мазкур маънои қабули истифодабаранда набудани маводи интишоргаштаро медиҳад. Ин аз як тараф, ҳама гуна эҳсосот: писандидан ва написандиданро ифода намояд, аз тарафи дигар, дар натиҷаи ба аксарияти аудиторияи шабака писанд наомадан, “дислайк”-и зиёд гирифтани мавод он аз шабака ҳазф карда мешавад. Дар такя бо ҳамин мавзўъ, моҳи ноябри соли 2019 шабакаи иҷтимоии ВКонтакти эълон дошт, ки дар шабакаи хеш дар муқобили “лайк” барномаи “дислайк”-ро роҳандозӣ менамояд ва он маводе, ки “дислайк”-и зиёд мегирад, аз шабака ҳазф карда мешавад (https//www.bbc.com/Russian/news-50394433). Инчунин, “дислайк” дар баробари лайк дар шабакаи иҷтимоии Ютуб истифода мешавад.
Ифодаи “дислайк” дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники тамоман ба гунаи дигар (бо ишораи аломати шартии лайк бо ранги сиёҳу сафед ва дар як кунҷ аз зери он аломати қулф бо ранги сиёҳ) буда, “класс“ номгузорӣ мешавад ва дар даруни қавсайн баръакс будани эҳсосот навишта шудааст (приватная эмоция).
“Лайкинг” ё лайкгузорӣ имрўз танҳо ифодагари ташаккуру писандидагӣ набуда, балки як роҳи тарғибу рекламаи ройгони андешаву ашёст.Мубаллиғони ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни диниву ғайридинӣ, террористиву экстримистӣ, тиҷориву иҷтимоӣ ва ғайра аз ин падидаи интернетӣ фаровон истифода мебаранд. Бинобар густсардагии мавзўъ, дар ин ҷо,танҳо ба баъзе ҷанбаҳои муҳиму меҳварии он ишораменамоем.
Коршиносони масоили интернетӣ роҳҳои муваффақтарини чархонидан ва пеш бурдани сафҳаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ду роҳ мебинанд:
1. Ҷамъоварии дўстони интернетӣ;
2. Лайкинг (гузоштани лайк).
Дар мавриди нақши дўстони интернетӣ дар чархонидан ё фаъолона пеш бурдани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳои мо нишон доданд, аксари онҳое, ки мехоҳанд бо роҳи фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоии интернет кору фаъолияти хешро дар пеш бурдани тиҷорат, ба даст овардани шуҳрат, зери суол бурдани шахсияти нафаре (кибербуллинг) ва дар таблиғу ташвиқи идеологияи муайяне ба роҳ монанд, ҳатман, ба сафҳае дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ниёз доранд, ки дўстони зиёд дошта бошад. Барои муваффақ шудан дар ин ҷода, бештари соҳибони саҳифаҳо барои ҷалб намудани дўстони интернетӣ ба роҳҳои “ғайримашрўъ” даст мезананд:
аз номи шахсиятҳои маъруф сафи дўстонашонро зиёд менамоянд. Амали мазкур вобаста ба аудитория ва ё самти фаъолияташ бастагӣ дорад;
-аз ному насаб, ҷинсият ва аксу суратҳои духтарон истифода менамоянд. Масалан, синни духтарро ҷавон ва худи ўро муҷаррад муаррифӣ менамоянд. Истифодаи усули мазкур имкон медиҳад, ки дар 4-5 рўз теъдоди дўстон ба беш аз4 ҳазор нафар расад;
- бо роҳи ошкоро ҷалб намудани дўстон дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники. Яъне, “ман 2 ҳазор ё 4 ҳазордўст мехоҳам, ҳамроҳ шавед”, “ба дўстони бештаре эҳтиёҷ дорам” ё кўтоҳакак “хочу друзей” дар номи сафҳа ё дар идомаи ном оварда мешавад;
-пешниҳоди дўстӣ ба дигар истифодабарандагон.
Баъд аз ҷамъ гаштани дўстон ному насаб, ҷинсият иваз ва аксу суратҳо аз сафҳа пок карда шуда, барои истифодаи мақсад омода мегардад ва барои таблиғу ташвиқи маҳсулот ё идеология ба роҳ монда мешавад. Чунки маводи дар сафҳа интишоргашта ба аудиторияе пешниҳод ва арза мегардад, ки ҳудуди 4-5 ҳазор иштирокчӣ дорад. Ҳол он ки чунин аудиторияро офлайнӣ, яъне дар дунёи воқеӣ ҷамъ кардан маблағи ҳангуфт талаб мекунад ва ҳатто ғайриимкон аст. Албатта, ин марҳила марҳилаи ибтидоӣва замина ба марҳилаи баъдӣ буда, метавонад дар оянда манзури даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор истифодабарандаи шабака гардад. Баъзан ба хотири муассир гаштани таблиғу ташвиқ сафҳа бо номи ҳамон шахсияти маъруфе, ки кушода шуда буд, ба фаъолияташ идома медиҳад. Ногуфта намонад, ки дар таҷрибаи Тоҷикистон чунин ҳолатҳои суиистифодабарӣ аз номи шахсиятҳои маъруфи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бисёр рух додаанд.
Баъди интишори аксу сурат ё дигар мавод (навишторӣ, аудиоӣ, видеоӣ) “лайкинг” нақши меҳвариро мебозад. Яъне, аксу сурат ва дигар маводи нашргардида, метавонад бо усули занҷиравӣ вориди дунёи бекарони интернет шавад ва аз доираи дўстони интернетӣ хориҷ гардида, аз даҳҳо то садҳо ҳазор нафар ба онҳо “лайк” гузоранд ва манзури миллионҳо истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии интернет гардад. ЛАЙКИНГ: АЗ ТАРҒИБ ТО МАСЪУЛИЯТ
Мубаллиғон бо вуҷуди доштани “дўстон”-и зиёди интернетӣ роҳу усулҳои нав ба навро низ истифода мебаранд. Онҳо ба истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ:
 ба “лайк” ё “класс” гузоштан таъкид мекунанд;
 ба эҳсосоташон чанг мезананд (динӣ-мазҳабӣ, бечораҳолӣ, хашму ғазаб ва ғайра);
 аз “дўстон”-и интернетиашон тавассути паёмак ё дигар барномаҳо хоҳиш менамоянд, ки ба маводи интишоркардаашон ва ҳатто ба саҳифа (страница)-ҳои пешниҳодкардаашон “лайк” ё “класс” гузоранд.
Мубаллиғоне низ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба назар мерасанд, ки баъди расидани сафи “дўстон”-ашон ба теъдоди муайян дигар худашон бевосита ба нашри маводашон машғул намешавад. Онҳо усули лайкмониро пеш мегиранд. Яъне, маводҳои идеологии нашрнамудаи ҳизбу ҳаракатҳои муайянро бо роҳи “лайкинг” таблиғ менамоянд. Агар саҳифаи ин гурўҳ мубаллиғонро аз назар гузаронем, дар он маводеро, ки бевосита тавассути профилаш – сафҳааш нашр шудааст, намебинем.
Гурўҳи дигари мубаллиғон дар баробари “лайкинг” бо роҳи табодули маводҳо (поделиться)низ машғуланд. “Лайкинг”як навъ таблиғи нарм ва ё номаръиро мемонад. Усули мазкур ҳадаф ва самти аслии фаъолияти мубаллиғонро то андозае номаръӣ ё нодиданӣ сохта, онҳоро ҳамчун мубаллиғони ғояву ақоиди гурўҳе нишон намедиҳад.
Мавод (навишторӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва аксу сурат)-ҳое, ки дар он ба гунае таъкид, даъват ё хоҳиш ба гузоштани “лайк” (класс) ё табодул (поделиться) шудааст, паси он ҳадафе ниҳон аст (дар таблиғу ташвиқ буданаш шакке нест). Беҳтар он аст, ки аз гузоштани “лайк” ё “класс” ба чунин маводҳо худдорӣ карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки лайкгузорӣ бисёр ҳассос аст ва бо андак расонидани ангушт аломати шартии “лайк” таъйид ва гузошта мешавад. Ин таъйид ва қабули “лайк” бидуни огоҳӣ анҷом меёбад. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми ҳазф кардан (удалить)-и аломати “лайк” ё лағви амал ва бознигарӣ ба он аз мавқеи соҳиби саҳифа барои таъйид ё ҳазф “пурсон” мешавад. Хуб мешуд, агар ширкатҳои сомонаҳои иҷтимоии интернет ин равандро ҳангоми лайкмонӣ низ пешниҳод мекарданд.
Гузоштани лайк аз ҷониби истифодабарандагон ноогоҳона низ рух доданаш мумкин аст. Яъне, ба маводе, ки писандашон нест ё мазмуну муҳтавои террористӣ-экстримистӣ дорад, ба он “лайк” мемонанд. Ин дар ҳолест, ки баъди гузоштани “лайк” ба тамоми “дўстон”-и интернетӣ, ҳатто “дўстон”-и “дўстон”-ашон маводи лайкмондаи онҳо арза мегардад, ки фалониҳо ба маводи мазкур “лайк” мондаанд, яъне писандидаанд ва ба шумо низ тавсия медиҳанд, ки маводи мазкурро мавриди истифодақарор диҳед ё “лайк” (класс) гузоред. Аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари истифодаи компютерҳо аз навъ ва тамғаҳои мухталифи телефонҳои ҳушманд истифода менамоянд, ки бо расонидани ангушт ба шишаи экрани он идора карда мешаванд. Ҳолати мазкур бо чандин сабаб рух доданаш мумкин аст:
- ҳангоми гузаронидани лентаи маводҳои шабакаи иҷтимоӣ бо ангушт дар телефонҳои ҳушманд;
- паст будани сифат ва суръати интернет;
- дастрасии кўдак ба телефону компютери ба интернет пайвастбуда;
- сўиистифодаи бадхоҳону кинатўзон бо дастрасӣ ба саҳифа;
- ҳолати мастӣ, мадҳушӣ ё нимбедорӣ ва болоравии дигар ҳолатҳои рўҳии инсон, монанди ғамгинӣ, маъюсӣ, хурсандӣ, ғазаб ва ғайра;
- иваз кардани матну навиштаҳои аксу наворҳои ҷолибу назаррабо. Ба ин гуна ки истифодабаранда фирефтаи сурат гашта, бехабар аз он аст, ки матни он аз ҷониби интишоркунандаи мавод метавонад дар оянда тағйир дода шавад.
Истифодабарандаи саҳифаи интернетӣ ва лайкгузор бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки сарфи назар аз огоҳ ё ноогоҳона анҷом гардидани ин амал – “лайкинг”, масъулияту ҷавобгарӣ ҳамеша бар дўши ўст. Аз ин рў, дар ҳама самт бояд ҳамеша эҳтиёткор буд.

Масъудҷон Халиков,
коршиноси масоили динӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: