ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БО МАҚСАДИ АМАЛИЁТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ25-07-2018, 10:44
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 1
Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон. Солҳои охир мо ба воситаи телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо вожаҳои терроризм, экстремизм ва радикализм бештар вомехӯрем, ки дар баробари хондану шунидани онҳо касро тарсу ваҳм ва даҳшату ҳарос фаро мегирад. ЧАРО? Чунки ин вожаҳо ҳокӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи башариеанд, ки ба нобудиву нестӣ бурдани ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳангу тамаддунҳо, миллату давлатҳо, махсусан давлатҳои миллӣ ва зери шиканҷаву зулумот бурдани ҳаёти рангини инсоният аст. Мутаассифона, дар бештар ҳолатҳо ба вожаҳои мазкур калимаи «ИСЛОМӢ» ҳамроҳ карда мешавад (терроризм, экстремизм ва радикализми исломӣ), ки ба исломи ноб рабте надошта, танҳо ба бадном кардани он оварда мерасонад. ИСЛОМ ВА ТЕРРОРИЗМ Агар ба дини ислом назар намоем, мебинем, ки ислом ба чунин падидаҳои номатлуб комилан зид буда, ҳамеша онро зери тозиёнаи танқид гирифтааст: «Дар дин ҷабр кардан (раво) нест» гуфтааст Худованд дар ояти 256-уми сураи «Бақара». Агар ба ояти мазкур диққат карда шавад, маълум мегардад, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкорӣ ва махсусан «ҶИҲОД»-и имрӯзаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки шиори меҳварии онҳост, фитна ва роҳи ғалат буда, ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надорад. Зеро ҳамаи мо суханони Пайғамбари ислом – Муҳаммад (с) дар бораи «беҳтарин ҷиҳод–ҷиҳоди нафс» ва «хидмати падару модар ҷиҳод дар роҳи Худованд»-ро медонем. Ва ҷое дигар Худованд аз забони Пайғамбараш дар мавриди муносибати ислом бо дигар динҳо низ фармудааст: «Шуморост дини шумо ва маро – дини ман» (Сураи “Кофирун”, ояти 6). «Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард» – фармуда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш соли 2011 дар «Иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм». Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ афроде ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи ИСЛОМ, ВАТАН ва ДАВЛАТ-ро доғдор мекунанд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи ахир «ҳашара»-ҳоинаҳси террористию ифротгароӣ, ки лонаҳояшон дар хориҷ аз кишваранд, дар кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чи гуна бо майдонсозиву аз номи ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад… «Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯиистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд» таъкид карданд Пешвои миллат 12.05.2018 дар суханронии хеш ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон. Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар (ВКД ҶТ ва КДАМ ҶТ) буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд. Созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ дар шумори зеранд: ҲНИТ («Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»), ДИИШ («Давлати исломии Ироқу Шом»), ҲИТШ («Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»), «Ҳизбу-т-таҳрир», «Алқоида», ҲИТ ё ҲИӮ («Ҳизби исломии Туркистон» ё «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҳаракати толибон», «Ихвон-ул-муслимин», «Лашкари тайиба», ҶИП («Ҷамоъати исломии Покистон»), «Ҷамъияти таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24», «Салафия», «Ҷабҳату-н-нусра» ва ғайра. ИНТЕРНЕТ – ОМИЛИ ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН Омилҳо ва ангезаҳои гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳаққиқону таҳлилгарони масоили динӣ-сиёсӣ шарҳ медиҳанд, ки интернет, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, камдонишӣ, надоштани ҳувияти миллӣ, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад». Дар ин миён нақши ИНТЕРНЕТ дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли ахир дар ИНТЕРНЕТ (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба «муваффақиятҳои чашмрас»-е ноил гаштаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти ИНТЕРНЕТ дар ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳад ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз сини 14 то 20-сола, махсусан, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил менамоянд. Чӣ боис гашт, ки созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ИНТЕРНЕТ рӯ оварданд? Қабл аз рӯ овардани террористон ба ИНТЕРНЕТ онҳо фаъолиятҳои террористиву экстремистиашонро бо роҳи физикӣ ба роҳ мемонданд, ки сарфи вақти зиёд ва маблағи ҳангуфтро тақозо менамуд. Масалан, террористонро лозим меомад, ки ҷиҳати таблиғ ва афзоиш додани ҳаммаслаконашон афроди омӯзишдидаву касбӣ (эмиссар)-и бештареро ҷалбу киро кунанд, то маводҳои таъсиррасонро, монанди фитта (диску кассета)-ҳои аудио-видеоӣ, маҷалау варақаҳо ва китобу брошюраҳоро ба кишвару давлатҳои мавриди ҳадафашон қароргирифта интиқол диҳанду онҳоро бо ҳар роҳу усулҳо миёни мардум интишор намоянд ва андешаву ғояҳои палиду чиркинашонро аз номи ислом дар мағзи ҷавонони гумроҳу хом рехта, онҳоро аз масири инсонгароиву таҳаммулпазирӣ ва дину мазҳаб (ислому мазҳаби ҳанафӣ) бароранд. Ин усул, ки тайи чандин даҳсолаҳо аз ҷониби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу равияҳои террористиву ифротгаро мавриди истифода қарор дошт, дигар барои пешбурди фаъолияти онҳо кор намедод. Чунки давлат ва кишварҳое, ки дар ин самт–омӯзишу баррасии роҳу усулҳои мазкур, таҷриба ҳосил карда буданд, тамоми роҳу усулҳои мазкурро бастанду маҳдуд намуданд. Инро метавон дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дид, монанди ба танзим даровардани табъу нашри адабиёту варақаҳо ва маводи аудиовизуалии мазмуну муҳтавои динидошта ва роҳандозӣ гаштани сомонаҳои расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»–маҷаллаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳармоҳа бо сифат ва мазмуну муҳтавои воло ба табъ расида, дастраси хонандагон мегардад. Инчунин, метавон қабул гаштани чандин қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро низ дар ин самт шомил намуд. Аз ин рӯ, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба ИНТЕРНЕТ рӯ оварданд, чунки ИНТЕРНЕТ барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишториву аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ, ИНТЕРНЕТ дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад. Олами интернетро метавон дар навбати худ ба се қисмати асосӣ ҷудо намуд: сомонаву блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо. Аз қисматҳои мазкур барои ба аҳдофашон расидан террористону экстремистон бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Одноклассники, Facebook, В контакте, Twitter ва ғ.) ва мессенҷерҳо (WhatsApp, Viber, Telegram, Facebook Messenger, Skype, ICQ, Google Hangouts ва ғ.) истифода менамоянд. Ҳар шабакаи иҷтимоии интернет бошад, дар навбати худ хусусиятҳои ба худ хоси хизматрасонӣ ва истифодабариро дорад. Масалан, истифодабарандаи «Одноклассники» доираи «дӯст» гирифтанаш маҳдуд буда, метавонад танҳо 4000 «дӯст»-и интернетӣ дошта бошад, аммо теъдоди гирифтани дӯст (подписчки) дар «Facebook» бемаҳдуд аст. Агар дар «Facebook» ҷой додану нашри файлу адабиёти электронӣ (дар шакли PDF ва Word) имкон дошта бошад, ин кор дар «Одноклассники» ғайриимкон аст. Агар фаъолияти қатъшудаи саҳифаи (удаленная страница)-и «Facebook» дар интернет барқарор карда шавад, дар «Одноклассники» имкони барқарори он вуҷуд надорад. Ҷой додани видеоролик, клип ва ҳатто филмҳои калонҳаҷм танҳо дар «YOUTUBE» имкон дошта, шабакаи мазкур бо ҳамин мақсад роҳандозӣ гаштааст. Барои табодули босуръат ва осони афкор, ахбор ва маълумот (зангҳои видеоию аудиоӣ ва паёмакҳо) бошад мессенҷерҳое монанди WhatsApp, Viber, Telegram, iMO ва ғайра ба роҳ монда шудаанд, ки анҷоми онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ё ғайриимкон аст ё мушкил. Таблиғу анҷоми амалиётҳои террористиву ифротӣ дар шабакаҳои мазкур вобаста ба имкониятҳои корбурдашон аз ҷониби созмонҳову ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ мавриди истифода қарор мегирад. Таҳлилҳо ба он ишора мекунанд, ки террористону экстремистони аз номи ислом баромадкунанда равишҳои зеринро дар интернет барои расидан ба мақсад ва ҳадафҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд: ТАБЛИҒ: Фаъолияти таблиғотӣ яке аз самтҳои асосии истифодаи интернет барои террористону экстремистон маҳсуб меёбад, ки он тавассути паёмҳо, намоишҳо, адабиёти электронӣ (китоб, брошураҳо, журналу мақолаҳо ва ғ.), аудио-видео роликҳову клипҳо, инчунин, бозиҳои электронии сохтаи террористон ва намояндагони онҳо ба роҳ монда мешавад. Самти фаъолияти таблиғотии террористону экстремистон бошад, дар навбати худ навъҳои дигари заминаҳои фаъолияти террористӣ, аз ҷумла, одамкирокунӣ (вербовка), таҳрик ба анҷоми амалиётҳои террористиву экстремистӣ ва радикализатсияро низ ба бор меорад. МАБЛАҒГУЗОРӢ: Иттиҳодияҳои террористӣ метавонанд интернетро барои маблағгузории амалиётҳои террористии худ истифода намоянд. Террористон тавассути интернет бо роҳи муроҷиатҳои мустақим, барои анҷоми корҳои хайриявӣ, тиҷорати электронӣ, ба воситаи иттиҳодияҳои хайриявӣ ва ғайра маблағ ба даст меоранд. ОМОДАСОЗИИ ТЕРРОРИСТОН: Дақиқан дар даҳсолаи ахир интернет ҳамчун базаи фаъол барои тайёр кардани террористону экстремистон мавриди истифода қарор мегирад. Яъне, созмонҳои террористӣ дар сомонаҳои худ ба воситаи адабиёти электронии таълимӣ, аудио-видео роликҳо ва клипҳо, паёмҳои маълумотӣ ва тавсиявӣ террористону экстремистонро омода менамоянд. Маводи мазкур, ки дар бораи чи гуна ба созмон ва ё гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ворид шудан, омода сохтану истифодаи лавозимоти таркандаи ҷангӣ ва яроқҳои оташфишону дигар намуди аслиҳа ва маводи хатарноки тарканда, чӣ гуна ба нақша гирифтану анҷом додани амалиётҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра буда, бо чандин забон тарҷума мешаванд, ки дастрасиашон дар интернет саҳлу осон аст. Инчунин, ба нақшагирии амалиёти террористиву иҷроиши онҳо ва ҳуҷумҳои интернетӣ ё компютерӣ (кибератаки) низ тавассути интернет роҳандозӣ мегарданд. Тадқиқотҳо ба он ишора мекунанд, ки террористон, ба вижа, террористони “ДИИШ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо («Telegram», «WhatsApp» ва «Facebook») занону духтарон ва яроқу аслиҳаҳои ҷангиро дар музояда гузошта, ба фурӯш мебаровардаанд. Бинобар маълумоти нашркардаи сомонаи www.apparat.cc қимати ибтидоии занони ба музояда гузошташуда аз 3000 то 12000 доллари амрикоиро ташкил медодааст. Инчунин, террористони “ДИИШ” тавассути сомонаҳои расмиашон асирони гирифтаашонро низ ба фурӯш мегузоштаанд, ки воситаи муомила барои хариду фурӯш мессенҷери «Telegram» қарор дода шуда будааст. Вақте террористону экстремистон фаъолияти хешро дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ озодона ба роҳ монда, бо ин роҳ муваффақиятҳояшон ба таври динамикӣ боло рафт, падидаи нави террористиву экстремистӣ бо номи КИБЕРТЕРРОРИЗМ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа ҷомеаи ҷаҳониро хатари фаро гирифтани ДАҲШАТ (қатлу куштор, таҷовузу ифрот, бетартибиву бенизомӣ, тарсу ваҳм, тахрибу вайронкорӣ ва ғ.) ва аз байн рафтани давлату кишварҳои миллӣ, демокративу федеративӣ ва ғайра таҳдид кард. Аз ин рӯ, давлатҳои абарқудрате назири Чин, Русия, Фаронса, Англия ва ғайра ба танзим даровардану назорати шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ шурӯъ намуда, сомонаву саҳифаҳои террористиву ифротӣ (махсусан “ДИИШ”)-ро дар қаламрави давлаташон масдуд кардан гирифтанд. Масалан, соли 2015 роҳбарияти хизматрасонии «Twitter» фаъолияти 125 ҳазор истифодабарандаи шабака (аккаунт)-ро, ки марбут ба террористони “ДИИШ” ва дигар иттиҳодияҳои террористии «исломӣ» буданд, дар ҳудуди шабака масдуд намуд. Мутаассифона, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вартаи ҳалокатовар, ба истилоҳ, КИБЕРТЕРРОРИЗМ, канор намонд. Созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро тавассути сомонаву шабакаҳои интернетиашон тавонистанд шумораи зиёди ҷавонони тоҷикро аз роҳ бурда, ба вартаи ҳалокат кашанд. Аз сабабе, ки ба созмону ҳаракатҳои террористиву ифротӣ барои таблиғи ғояву ақидаҳояшон шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нақши калидӣ мебозанд, мехоҳем, дар ин самт таваққуфи бештар дошта бошем. Таҳлилу омӯзишҳо дар ин самт ба он ишора мекунанд, ки таблиғи ғояву ақидаҳои террористиву ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ду роҳ амалӣ мегардад: Интишори мустақими мавод: Бо ин роҳ истифодабарандаи саҳифа маводро ба таври мустақим дар саҳифаи худ ҷой дода, онро аз тариқи саҳифаи худ интишор медиҳад. Маводи мавриди таблиғ метавонад аксҳо, аудиовидео файлҳо, файлҳои электронӣ ва қайдҳо бошанд. Вақте истифодабарандаи саҳифа маводро дар қисмати видеоҳо, аксҳо (албом) ва қайдҳо (заметки) ҷой дода, нашр менамояд, маводи мазкур ба тамоми «дӯст»-они интернетии ӯ арза мегардад. Дар бештарин ҳолатҳо террористону экстремистон нахуст беошкор кардани хеш (манзур симои зоҳирӣ ва ҳадафашон) бо дигар ном ва симо зоҳир гашта, «дӯст»-они зиёд гирд меоранд, баъдан ба интишори ғояву ақидаҳои хеш ва ё таблиғи қатъии хеш мепардозанд. Чунки, агар «дӯст»-е набошад, мавод ба кӣ таблиғ мешавад?! Аксаран, террористону ифротгароёни аз номи ислом баромадкунанда ба торҳои эҳсосоти динии мусулмонон чанг зада, дар маводи нашркардаашон ҷумлаҳое, монанди «агар мусулмон ҳастӣ», «агар аз Худо тарсӣ», «агар ҷаннатро хоҳӣ», «агар оташи дӯзахро нахоҳӣ», «агар дилат ба ислом сӯзад», «агар пайғамбарро дӯст дорӣ» ва ғайра, «LIKE» («КЛАСС») мон, то дигарон бинанд» ва ғайраро истифода мекунанд, ки ин равиш ба кас миёни куфру имон ва ҷаннату дӯзах ва дӯст доштану надоштани ислом интихоб мегузорад. Масалан, аксе, ки (((nomlusuM))) (((vonomhaR))) дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» нашр кардааст, уқобе бо болҳои боз мебошад, ки парчами сиёҳи «Ҳизб-ут-таҳрир» ё ДИИШ-ро дар минқори худ гирифтаасту парчам дар осмони кабуди каме ғуборолуд ва бо таъсири вазиши бод мавҷ мезанад. Мазмуну муҳтавои акси интишоргашта мушаххас аст, ки аз барпо гаштани «хилофат» ва ё «давлати исломӣ» дарак медиҳад. (((nomlusuM))) (((vonomhaR))) аксро дар саҳифаи хеш нашр карда, таъкидан навиштааст, ки «Класс монен». Интишори ғайримустақими маводҳо: Навъи мазкури таблиғ дар навбати худ ба ду қисмат ҷудо мегардад: бо роҳи аз номи интишоркунандаи мавод нашр кардани мавод ва «LIKE» («КЛАСС») гузоштани маводи интишоргашта. Гурӯҳи якуми мубаллиғони шабака (манзур «Одноклассники»)-ро агар нафароне ташкил диҳанд, ки ба нашри мустақими маводи террористиву ифротӣ машғул бошанд, гурӯҳи дуюмро онҳое ташкил менамоянд, ки бо аз номи гурӯҳи якум ҷой додани маводҳои интишордодаи онҳо дар саҳифаҳои худ («поделиться» ё гузоштани линки мавод дар қайдҳо) фаъолият мекунанд. Яъне намояндагони гурӯҳи мазкурро функсияи фаъолияташон танҳо ҳамин аст. Гурӯҳи дуюми мубаллиғони шабакаро онҳое ташкил менамоянд, ки бо гузоштани «LIKE» ё «КЛАСС» дар таблиғу интишори маводҳои террористиву экстремистӣ мусоидат менамоянд. Гурӯҳи мазкурро ду навъ одамон – мақсаднок ва ноогоҳона, ташкил медиҳанд. Яъне онҳое, ки мақсаднок «LIKE» ё «КЛАСС» мегузоранд, террористону экстремистоне ҳастанд, ки ҳадафашон интишор ва таблиғи маводҳост ва онҳое, ки ноогоҳона ин корро анҷом медиҳанд ё дар марҳилаи ибтидоии ифротӣ гаштан қарор доранд ё тақлиди кӯр-кӯрона мекунанду воқеан аз исломи ноб, мазҳаби ҳанафӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда огаҳӣ надоранд. Ҳарчанд гузоштани «КЛАСС» ё «LIKE» сода ба назар расаду ҳамчун таблиғ наҳисобида, ҷиддӣ гирифта нашавад ҳам, лекин яке аз навъҳои таблиғу ташвиқ ба ҳисоб рафта, касе, ки ба маводҳои мазмуну муҳтавои террористиву экстремистидошта онро мегузорад, бегумон, дар интишор, даъват ва таблиғи маводи мазкур бо террористону экстремистон мусоидат кардааст ва дар «даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)» (моддаи 307(1) КҶҶТ,) ширкат намудааст. Аз ин рӯ, муҳимтарин роҳи таблиғ, ки ба фоидаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, махсусан, аз номи ислом баромадкунанда мебошад, ин КЛАСС-ТАБЛИҒ аст. Чунки дар бештарин ҳолатҳо илова бар мубаллиғони террористу экстремист (ифротгаро) дигарон низ дар гузоштани «КЛАСС» ба маводҳои мазмуну муҳтавои террористӣ-экстремистӣ ширкат менамоянд. Масалан, агар ба акси уқоб ва парчами сиёҳ, ки зикраш болотар гузашт, нигарем, 2214 нафар ба он «КЛАСС» гузоштааст ва ду истифодабарандаи «Одноклассники» онро дар саҳифаи худ ҷой додааст. Агар мо бо омори 1000 «дӯст»-и интернетӣ доштани ҳар «класс»-гузошта ҳисоб намоем, акси мазкур, ки мазмуну муҳтавои террористӣ-экстремистӣ дорад, манзури 2214000 нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» гардидааст. Агар ҳар «класс»-гузошта 500 «дӯст»-и интернетӣ дошта бошад, акси мазкур ба 1107000 нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» арза гаштааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳар нафаре, ки дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» (ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоии интернет) ба маводе «КЛАСС» мегузорад, дар «лента»-и шабака манзури «дӯстон»-и интернетиаш мегардад, ки маводи мазкурро фалонӣ писандидааст (… считает классным) ва ба «дӯстон»-и интернетиаш тавсияи «класс» гузоштанро додааст. ҶАВОНОНИ СОДАДИЛ ВА РОҲГУМКАРДА Нуктаи муҳими дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба назар мерасад, дигар ангуштонро ҷамъ карда, ангушти ишоратиро ба сӯи осмон бардоштани намояндагони террористону экстремистони аз номи ислом баромадкунанда аст. Мутаассифона, ҷавонони худноогоҳи тоҷик кӯр-кӯрона бе донистани асли пайдоиши он ба амали мазкур тақлид намуда, намоишкорона дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аксҳои гирифтаи худро ҷой медиҳанд, ки ин рафтори онҳо боиси нигаронист. Чунки бо симои исломӣ ва ишораи мазкур зоҳир гаштани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ метавонад ба осонӣ туъмаи мубаллиғони интернетии террористону экстремистон гарданд ё бо иҷрои ин амал худро пайрави ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шуморанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ишораи мазкур ҳамроҳ бо рӯи кор омадани салафияҳои такфирӣ, террористону ифротиҳои аз номи ислом баромадкунанда дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ ба вуҷуд омадааст. Агар бархе маншаъгирии онро ба равияи мамнуи салафия нисбат диҳанд, бархе дигар онро ба дину равияҳои масеҳӣ, масонӣ, шайтонпарастӣ (сатанизм), ва ғайра рабт медиҳанд. Дар баробари нуктаи фавқӣ номгузории аксари ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ боиси нигаронист. Чунки онҳо дар номгузорӣ ифрот варзида, бештар номҳои исломӣ, баъзан мазмуну муҳтавои ифротидоштаро монанди «Ахи анта Хуррун», «СЛАВА АЛЛАХА Я МУСУЛЬМАНКА», «АЛХАМДУЛИЛЛАХ», «САБР ИНШААЛЛАХ», «Раб АЛЛАХА», «رب الله» (?), «АЛЛАХ ЕДИН», «АЛЛАХ С НАМИ», «АЛЛОХ БО МОСТ», «ДУСТДОРИ АЛЛОХ», «ХИЛОФАТ», «МУҶОҲИД» ва ғайра дар саҳифаҳои интернетиашон мегузоранд, ки аз майл доштан ба равияву ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳувияти миллӣ надоштани онҳо дарак медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ИНТЕРНЕТ услуби номгузории пайравони ДИИШ куня+номи нисбӣ (Абу Муҳаммади Шомӣ, Абу Холиди Кӯлобӣ ва ғ.) буда, намояндагони созмони мазкур баъзан ному лақабҳои хешро аз номи саҳобагону халифаҳои рошидин ва дигар вожаҳое, ки маънои «ҷиҳод», ҷанг, яроқу аслаҳаҳои ҷангӣ ва наҷотдиҳандаи мардум аз банду торикӣ (куфр) ва ғайра доранд, интихоб мекунанд. Фиреби бештари ҷавонон аз содадилии онҳост. Зеро бештари онҳо бо хондани шиорҳои домфиреби эҳсосбарангез «саҳм»-и худро дар «посдорӣ»-ву «интишор»-и дин гузоштан мехоҳанд, бехабар аз ин ки худ аллакай гумроҳ шудаву дину мазҳабро канора гузоштаанд. Дар мавриди мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид карда гуфтаанд, ки «нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем». РОҲКОРҲО Аз омӯзишу таҳлилҳои дар ин самт анҷомдодаи хеш ва ҷиҳати пешгириву фаҳмондадиҳии ҷавонон аз шомил гаштан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва истифодаи дурусти интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии он аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор роҳандозӣ гаштани корҳои зерин дар ин самт аз фоида холӣ нест: Ишора (жест)-и бардоштани ангушти ишоратӣ ба сӯи осмон, ки бештар хоси намояндагони ҳизбу равияҳои террористиву экстремистии ба ном исломӣ мебошаду гӯё ифодакунандаи «тавҳид» ва иҷрокунандаи он «муваҳҳид» номида мешавад, аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар бораи муҷоз будану набудани он аз дидгоҳи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ қарори лозима бароварда шавад. Чунки падидаи мазкур ба ҷавонони тоҷики истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ таъсири амиқ гузошта, иҷрои он миёни ҷавонони тоҷики интернетӣ босуръат ривоҷ ёфта истодааст. Аз сабаб, ки омори бештари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетиро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд, шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сархатибону имомхатибон, рӯҳониёни суннатӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба масоили иҷтимоӣ ва идеологиро лозим аст, ки дар ҳамкории муштарак дар макотиби таҳсилоти миёнаи пурраву нопурра, литсейҳо, курсҳои касбомӯзӣ, макотиби таҳсилоти олӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва дигар навъҳои муассисаҳои таълимиву омӯзишии кишвар оид ба истифодаи дурусти интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии он ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон маърузаҳо, конфронсҳо, фаҳмондадиҳо, мизҳои мудаввар ва нишастҳо гузаронида шавад. Сармутахассисони оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳот дар якҷоягӣ бо имомхатибону имомони масоҷиди ҷомею панҷвақта, раисони кумитаи маҳал, муаллимону директорони макотиби таҳсилоти миёна дар ҷамоатҳои деҳот, маҳалҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, макотиби таҳсилоти умумии миёна фаҳмондадиҳиҳо гузаронанд. Назорати раванди фаҳмондадиҳоро бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба зимма гиранд. Сармутахассисони оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳотро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо имомхатибону имомони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳал ва нозирони минтақавӣ фазои андешаи динии ҷамоатҳо (интернет, таҳсилдидагони мадориси динии хориҷ, ҳабсшудагон, онҳое, ки аз худ нишонаҳои ифротӣ зоҳир мекунанд ва ғ.)-ро омӯхтаву таҳлил карда, ба бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳо гузориш диҳанд ва дар мавриди пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ва ҳамчун падидаи номатлубу хатарзои ҷомеаи башар будани созмон, ҳизб, гуруҳ, равия ва ҳаракатҳои террористиву ифротгароии «исломӣ» дар матбуоти даврӣ вокунишу мақолаҳо нашр карда, дар телевизиону радио баромадҳо намоянд. Назорати раванди мазкурро бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба зимма гиранд. Маъруф Шонасурдинов, |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.