Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад14-01-2019, 14:00
Хабарро хонданд: 662 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҳакиме пурсидаанд: Одамро чӣ заруртар аст? Гуфт: Ақл Гуфтанд: Агар он ноқис бошад? Гуфт: Адаб Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад? Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст. *** Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст. Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. *** Ақлу давлат қарини якдигаранд. Ҳар киро ақл нест, давлат нест. Саъдӣ *** Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад. Ҷалолиддини Румӣ *** Шунидам, ки бошад забони сухан, Чу алмоси буррону теғи кӯҳан. Сухан бифканад минбару дорро, Зи сӯрох бурун оварад морро. Абӯшакури Балхӣ *** Тарҷумони дил аст нутқу забон, Марзбони тан асту суду зиён. Абулмаҷди Саноӣ *** Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад, Бадро зи накӯ боз накӯро зи накӯтар, *** Боядат мансаби баланд бикӯш, То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд. На ба мансаб бувад баландии мард, Балки мансаб шавад ба мард баланд. Абдураҳмони Ҷомӣ *** Ҳеҷ алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба ватан нест. Афлотун *** Бикун некию дар дарёш андоз, Ки рӯзе дар канорат оварад боз. Фахриддини Гургонӣ Ба даст овардани дунё ҳунар нест, Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор. Саъдӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.