Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОИНАИ РАВШАНУ ПУРҶИЛО

ОИНАИ РАВШАНУ ПУРҶИЛО

15-01-2020, 16:35
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
ОИНАИ РАВШАНУ ПУРҶИЛО
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутолиа намудам. Ростӣ, Паёми Пешвои муаззами миллат, ки он роҳнамои комил ҷиҳати самтгирии дурусти сиёсати дохиливу берунии кишвар ва таъмини дурнамои равшан барои даст ёфтан ба рушду шукуфоии матлуби имрӯзу ояндаи ҷомеаи муосири тоҷикон маҳсуб мешавад, оинаест равшану пурҷило, ки дар он вазъи кунунии иқтисоди ҷумҳурӣ ва роҳҳову василаҳои даст ёфтан ба рушду инкишофи босуръати минбаъдаи он бо таваҷҷуҳ ва дар пасманзари вазъи кунунии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, минтақа ва ҷаҳон инъикоси комил ёфтааст. Тамоми соҳаҳои муҳиму калидии хоҷагии халқи мамлакат дар Паёми раҳнамунсози Сарвари давлат бо нигоҳи амиқ мавриди таҳқиқу баррасии мӯшикофона қарор гирифта, ҳамзамон, дар он ба мушкилоту мавонеи мавҷуд ишора шуда, роҳу равишҳои муассиру рафъи мушкилоту нуқсонҳои мавҷуд пешниҳод ва нишон дода шудааст. Дар қатори дигар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, ки дар Паёми Сарвари давлат мавриди тазаккури вижа қарор гирифтаанд, ба соҳаи маориф ва мактаб низ бо таваҷҷуҳ ва таъкиди хос ишора шудааст ва ин бедалел ва бесабаб нест. Зеро Пешвои миллат дар тӯли солиёни зиёд ҳамон гуна, ки шоҳид будем, ҳамвора ва ба сурати қотеу пайгирона дар пешбурди сиёсатҳои дохилии худ ба соҳаи мактабу маориф, ки пешрафту шукуфоии ҳар миллату кишвар дар гарави таъмини рушди он аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаву менамоянд. Афзоиши музди омӯзгорон, боло бурдани нақши мактаб ва муаллим ва бунёду ба истифода дода шудани садҳо муассисаи таҳсилоти ҳамагонии дорои шароитҳои муосиру пешрафтаи омӯзишӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон тайи солиёни ахири даврони соҳибистиқлолӣ ва ахиран, даъвати Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз масъулони соҳа, аҳли ҷомеа, бахусус, соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ барои саҳм гузоштан дар ҳифзу идомаи ҳамаи ин раванд, далел ва гувоҳи равшани ин иддаост. Чунин таъкиди хоси Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф ва боло бурдани ҷойгоҳи он дар ҷомеа қобили дастгирӣ ва сутуданист.
Ҳамчун омӯзгор дар ҷараёни фаъолиятҳои касбии хеш ба хубӣ дарк намудаам, ки нақши фарогирии комилу лозим ва хуб донистани забони модарӣ дар канори аз ҳифз донистани ашъори шоирони гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик, нақши бисёр таъйинкунанда ва калидӣ дар азхудкунии забонҳои хориҷӣ барои хонандагони муассисоти таҳсилоти ҳамагонӣ ифо менамояд. Лозим ба зикр ва боиси хушҳолист, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ин масъаларо дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор доданд.
Бо дарназардошти таъкиду тазаккури бамавриди Пешвои миллат ва зарурати ташаккули ҳувиятшиносӣ ва арҷгузорӣ аз фарҳангу забон ва арзишҳои миллӣ моро лозим аст, ки дар ростои амалисозии дигар нуктаҳои калидие дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ матраҳ шудаанд, аз ҳар вақти дигар дида саъюу талоши бештар ба харҷ бидиҳем. Зеро дастгирӣ ва пуштибонии торафт афзояндаи Сарвари давлат аз рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ҳар яки моро водор менамояд, ки бо нишон додани ташаббусҳои созанда ва дарки баланди масъулияти ватандорӣ дар тақвияту таҳкими соҳаи мактабу маориф ва ҳамин тавр таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқ ба таври фаъолона саҳмгузор бошем.
Сабоҳат Сангова,
ноҳияи Рӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: