Фирӯз Равшаналиев, мутахассиси пешбари раёсати таҳҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ноҳияи Мурғоби ВМКБ):
Пешвои муаззами миллат,
ҶҶаноби Олӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ман Равшаналиев Фирӯз таҳсилкардаи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили анҷуман аз ноҳияи Мурғоби ВМКБ мебошам.
Ҷаноби Олӣ таи рӯзҳои охир дар арафаи омодагиҳо ба Анҷумани 13 ҲХДТ иттилооти ифтихорангезе дар ҳама сомонаҳои интернетии дохил ва хориҷи кишвар нашр гардид, ки боиси афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Маркази таҳлилииГЕЛАП дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлатидунё Тоҷикистонродарзинаидуюмин амнтарин кишвари ҷаҳон ҷойдодааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Вақте ки мо дар бораи суботу амният, тинҷию оромии Ватан, ваҳдату ризоияти ҷомеа сухан мегӯем, қабл аз ҳама, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мамлакат, раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон падидор мешавад.
Шумо, Ҷаноби Олӣ, бо қобилияту истеъдоди фавқулода тавонистаед, ки ин арзишҳои бузургро барои миллат ва халқи Тоҷикистон фароҳам биёред ва давлату миллати моро дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёр гардонед.
Даврони тифлию наврасии мо ба марҳилае рост омада буд, ки кишвар гирифтори мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардида, таъсири он ба ҳама маҳаллу минтақаҳо расида буд. Мардумро рӯҳияи яъсу навмедӣ фаро гирифта, ҳамагон нигарон аз он буданд, ки қисмату тақдири мо ба чӣ натиҷа меанҷомида бошад. Дар ҳамон айём, Шумо бо ҷасорату матонат ба дили халқ шуълаи умед афрохтед ва миллату Ватанро эҳё намудед.
Дар ҳамон айёми гирифториҳо, ба тамоми минтақаҳо сафар намуда, мардумро аз вартаи ноумедиҳо раҳо кардед. Сафари таърихиву пурхатари шуморо, Ҷаноби Олӣ, моҳи июни соли 1995 ба ноҳияи Мурғоб хуб дар ёд дорам. Насли калонсоли ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҳамеша ба ёд меоранд, ки аз роҳбарони даврони пешин касе пойи қадамаш то инҷо нарасида буд ва дар андешаи тақдири ин мардуми гӯшаи диёр ҳам набуд.
Шумо, Ҷаноби Олӣ,бо лутфу меҳрубонӣ нисбат ба ҳама халқи Тоҷикистон, ба ҳама минтақа ва маҳалҳои Тоҷикистон сафар карда, барои тараққиёти ҳама шаҳру деҳоти он имкониятҳои мусоид фароҳам овардаед. Он тадбирҳои бузургу созандаеро, ки барои мардуми ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириҳову ибтикороти Шумо дар даврони истиқлолият рӯйи кор омадааст, бемислу беназир буда, то ин муддат таърих ёд надорад.Бо истифода аз имконият сипосу миннатдории мардуми сарбаланду саодатманди ВМКБ-ро ба Шумо мерасонам.
Ҷаноби Олӣ, дар ҳама вохӯриву мулоқотҳоятон, бахусус ҷаласаҳои ҳизбӣ дар баробари масъалаҳои муҳими сиёсӣ доир ба ҷангҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир, мушкилоти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, андешаҳои худро ба таври мушаххас барои мо ироа намудед, киба ҳайси як дастури мукаммал дар фаъолияти ҳамарӯзаи мо -кормандони Маркази тадқиқотӣ стратегӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Мо хуб медонем, ки ҷаҳони муосирро бидуни интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст ва дар ин замина, аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳи гурез вуҷуд надорад. Ин нуктаро низ дарк намудаем, ки технологияҳоииттилоотӣ ҳамарӯза такмил ёфта, сарҳади ҳамагуна фазои иттилоотиро метавонанд ба осонӣ убур кунанд.Аз ин хотир,ба хулоса омадем, кибо мақсади ҳифзи арзишҳои сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ ва таърихиву фарҳангиамон ягона иқдоми дуруст инбо афкори созанда ҳузури худро дар фазои иттилоотии ҷаҳон таъмин намудан аст.
Ба таъкиди Шумо, Ҷаноби Олӣ, имрӯз дар ин анҷуман ба ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти худ дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотонӣ ва пешгирикунанда барои мо дастурест, ки ягон лаҳзае иҷрои он танаффус ва фурсати ором буданро намедиҳад.
Дар фарҷоми суханронии худ, Шуморо Ҷаноби Олӣ аз номи тамоми мардуми Бадахшон ба ифтихори санаи биступанҷумин солгарди таъсиси ин ҳизби воқеан ҳам халқию демократӣ, ки зодаи даврони истиқлолият ва маҳсули андешаву ибтикори бевоситаи Шумо буда, мақсаду манфиатҳои миллӣ аз ҳадафҳои таркибии он мебошад,самимона табрик мегӯям.
Барои дастгирии пайвастаатон аз номи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ВМКБ ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, Роҳбар ва Роҳнамои ҳар фарди солимфикри Тоҷикистон, изҳори сипос намуда, Шуморо мутмаин месозем, ки ба ҳайси як сиёсатшиноси ҷавони соҳибватан неруи худро ҳамеша ба дастгирии сиёсати созандаи Шумо, манфиатҳои миллӣ равона хоҳам кард. Мо ҳамеша дар мавқеи худ уствор мемонем, ба роҳи паймудаи худ, ба арзишҳои давлати дунявӣ арҷ гузошта, ба онҳо ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунем ва ҳамеша омодаем, ки баҳуҷумҳои тарҳрезишудаи рақибони сиёсии худ ва гурӯҳҳои радикалӣ посухи сазовор диҳем.