Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

3-03-2017, 13:30
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Мехоҳам табрикоти хешро ба шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии узвияти кишвари шумо дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор намоям.
Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст. Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам ба вежа ба кишвари шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдорӣ арз намоям.
Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.
Эҳтиромоти фоиқаи маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: