
Раҳматҷон Давлатов – донишҷӯйи бахши аввали Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”:
- Ассалому алейкум, Асосгузори сулҳу ваҳҳдати милл ӣ-Пешвои миллат,Президенти ҷавонпарвару маҳбуби мо, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ман гирандаи стипендияи Кумитаи иҷроияи ҳизбамон дар шаҳри Душанбемебошам.
Сафароз аз онам, ки имрӯз дар анҷумани ҳизбии чорякасра иштирок ва суханронӣ мекунам. Иҷозат диҳед, бо истифода аз ин фурсати мусоиду арзанда Шумова кулли аъзо ва ҷонибдорониҳизбамонро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику шодбош гуфта, бароятон саодату сарбаландӣ ва хушиҳои ҳамешагиро орзу намоям.
Муҳтарам Пешвои миллат!
Ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Шумо аст, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик бо дили гарм ва боварӣ ба ояндаи дурахшон дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ содиқона ва бо завқи баланд фаъолият карда истодаанд.
Дар ин замина, метавон ёдовар шуд, ки дар ҳошияи сиёсати бунёдкоронаи Шумо ва дар асоси ташаббусҳои созандаи раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ куллан симои худро дигаргун карда истодааст.
Ободу зебо гардидани кӯчаву хиёбон, роҳраву гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қомат афрохтани истгоҳҳои муосир, сохтмони роҳҳои нақлиётии сеқабата, пайвастани биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва ба танзим даромадани нақлиёти ҷамъиятӣ боиси сарфарозию фараҳмандӣ ва хушҳолии натанҳо сокинони пойтахт, балки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ низ гардидааст.
Бо истифода аз ин фурсати мусоид ба Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, барои боварӣ ва дастгириҳои ҳамешагиатон миннатдории тамоми ҷавонони шаҳри Душанберо самимона изҳор менамоям.
Мо, ҷавонон, ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Шумо барои ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ ва марзу буми диёр талоши бештар намуда, намегузорем, ки душманон бо ҳадафҳои муғризонаи хеш, ҷавононро фирефтаи доми худ намоянд.
Ҳамзамон, ваъда медиҳем, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб мо ҳама якҷо камари ҳиммат мебандем.