Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД!

ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД!

22-11-2019, 10:57
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД!
Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин раддабандӣ ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи маҳали зисташон бовар доранд, хабар додаст Gullup.

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин, Олмон, Имороти муттаҳидаи араб шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмуъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва 68 дарсад изҳор доштаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд.

Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтаст ва 6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: