Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”19-09-2017, 17:00
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
19.09.2017 17:43, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷанобони олӣ, роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, барои ширкат дар он арзи сипос менамоям. Умедворам, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кушишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳми арзишманд хоҳанд гардид. Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Дабири кулл ва сохторҳои марбутаи Созмони Милал, инчунин ба ҳамаи “дӯстони об”, ки ҷиҳати пешбурди қарордодҳои Маҷмаи Умумӣ дар соҳаи об пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд, миннатдории хешро изҳор менамоям. Ҳозирини гиромӣ! Таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд. Бинобар ин, зимни пешниҳоди ташаббуси худ оид ба даҳсолаи навбатӣ мо дар назар доштем, ки дар рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аҳдофи марбут ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои бениҳоят муҳимму фарогирро мегузорад ва татбиқи онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд. Итминон дорем, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад. Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон! Масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об тайи чандин сол аст, ки дар ҳошияи Созмони Милал маврид баррасӣ қарор доранд. Саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд. Ҳарчанд ки пешрафт дар ин ҷода назаррас аст, вале мо дар сафарбаркунии захираҳои лозима ба хотири ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба захираҳои об ҳоло ҳам қафо мондаем. Зимнан, дар ин самт мо дар навбати аввал бояд тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем. Зиёда аз ин, мо бояд омилҳои зеринро, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаи моро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирем: Нахуст, тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст. Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир шумораи офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфтааст. Чунин падидаҳо, ба мисли обхезӣ, селу ярчу тармафароӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз сад ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид. Дуюм, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ниёзи он ба оби ошомиданӣ мушкилоти нав ва душвориҳои иловагиро эҷод мекунад. Дар ҷаҳон талабот ба об бемайлон меафзояд, ки ин боиси ташаннуҷи робитаҳои байни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шуда, рақобатро барои захираҳои об дар шароити вусъати камобӣ шадидтар мегардонад. Сеюм, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об унсури калидӣ дар роҳи ноилшавӣ ба рушди устувор аст. Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад. Чаҳорум, мо бояд паҳлуҳои гуногуни гендерии ҷараёни гузаришро ба мудирият ва истифодаи оқилонаю устувори захираҳои об ба инобат гирем. Дар поёни сухани худ ба таваҷҷуҳи ҳозирин мерасонам, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он Маркази махсусро таъсис диҳад. Ғайр аз ин, мо Нақшаи миллии амалро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳия кардем ва мутобиқи он пешниҳод менамоем, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад. Мо умедворем, ки шарикони мо, пеш аз ҳама, кишварҳои аъзои Созмони Милал ва сохторҳои марбутаи он, Дабири кулл, ҳамчунин дигар ташкилоту ниҳодҳо иқдомҳои мазкурро пуштибонӣ хоҳанд кард. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.