Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сифати маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб зери назорати ҷиддӣ қарор дорад

Сифати маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб зери назорати ҷиддӣ қарор дорад

7-12-2018, 12:00
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Сифати маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб зери назорати ҷиддӣ қарор дорад

Санаи 05 декабри соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт вобаста ба натиҷагирӣ аз гузаронидани мониторинг дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибӣ дар асоси мактуби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор гардид.
Чанде қабл ба унвонии ин ниҳод мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани мониторинг дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибӣ ворид гашта, дар асоси он бо ибтикори агентӣ 3 гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст ва таи моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибӣ санҷиш гузаронида шудааст.
Дар рафти баргузории семинар-машварат ҷиҳати натиҷагирӣ аз гузаронидани мониторинг дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти гўштӣ ва ҳасибӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти ҳасибӣ, аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа, таҳлил ва баррасии масоили омӯзиши роҳу василаи боз ҳам сифатноктар истеҳлсол намудани масҳсулоти гуштӣ дар кишвар бо соҳибкорон гуфтушунид сурат гирифт.
Зимни баргузории семинар-машварат кайд гардид, ки гурӯҳҳои кории ташкилгардида, зимни баргузории мониторинг дар баъзе аз корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти гўштиву ҳасибӣ камбудӣ ва норасоеҳоеро низ ошкор кардаанд, ки аз истеҳсолкунандагон ислоҳи саривактӣ талаб карда мешавад.
Дар рафти баргузории чорабнӣ гуфта шуд, мақсади навбатии ташкили чунин як ҳамоиш ин баррассии масоили расидан ба стандартҳои ҷаҳонӣ маънидод мегардад. Зикр шуд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо дар замони муосир ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ИСО 9000, ИСО 22000 ва системаи ХАССП дар корхонаҳои истеҳсолӣ зарур мебошад. Дар чорабинӣ аз тамоми истеҳсолкунандагони ватанӣ хоҳиш карда шуд, ки дар истеҳсолот ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии зикргардидаро ба инобат бигиранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки талаботи стандартҳои мазкур тамоми паҳлуҳои истеҳсолотро аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр дар бар гирифта, кафолати истеҳсоли маҳсулоти бехатарро таъмин менамоянд. Гузаштан ба стандартҳои нави ҷаҳонӣ мувофиқ ба талаботи давр аст, чун таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои рушди устувори содирот ва эътимоднокии мизоҷон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Суғдмеҳри
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: