Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Кадом вақт истемоли дору барои фишор беҳтар аст?

Кадом вақт истемоли дору барои фишор беҳтар аст?

28-10-2019, 16:52
Хабарро хонданд: 15 нафар
Назарҳо: 0
          Кадом вақт истемоли дору барои фишор беҳтар аст?
Барои он ки доруҳои фишори хун таъсирбахш бошанд, онҳоро пеш аз хоб истеъмол кунед маслиҳат медиҳанд, олимони испаниягӣ. Ин маслиҳати оддии метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад, овардаанд онҳо дар як пажӯҳише, ки дар маҷаллаи илмии «Қалби Аврупо» (European Heart Journal) нашр шудааст.
Дар тадқиқот оварда шудааст, ки доруҳо беморонро аз инсулт ва сактаи қалб, дар ҳоле беҳтар муҳофизат менамоянд, агар онҳоро пеш аз хоб истеъмол кунанд, на ин ки ҳангоми саҳар ё рӯзона. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки аксуламали инсон ба доруҳоро «соати биологӣ» ва ритми табии ҷисмашон ба тартиб медароранд.
Пажўњишгарон далелҳои зиёдеро пайдо кардаанд, ки бисёр доруҳо, (аз ҷумла барои дил) агар дар вақти муайяни рӯз истеъмол карда шаванд, таъсири бештаре доранд. Тадқиқот, ки дар маҷаллаи илмии «Қалби Аврупо» нашр шудааст, то ба имрӯз бузургтарин тадқиқот маҳсуб мешавад. Дар он 19 ҳазор нафар ширкат карданд, ки гирифтори бемории фишорбаландї буда, барои паст кардани шиддати он дору истеъмол намудаанд.
Иштирокчиёни ин тадқиқот тасодуфан ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: як қисмашон саҳар ва қисми дигарашон пеш аз хоб дору истеъмол мекунанд. Муҳаққиқон вазъи онҳоро муддати панҷ соли ё бештар аз он пайгирӣ менамоянд. Дар натиҷа, онҳо ба хулосае меоянд, яъне нафароне, ки дар вақти хоб дору истеъмол мекарданд, хатари марг аз ҳисоби фишори баланд, сактаи дил ё инсулт дар онҳо ду баробар кам гардидааст.
Фишори хун бояд шабона ҳангоме, ки мо хоб ҳастему ҷисмамон дам мегирад, паст шавад. Агар ин амал рух надиҳаду фишор баланд боқӣ монад, пас хавфи сактаи қалб ё инсулт меафзояд, мегӯянд коршиносон.
Мувофиқи ин тадқиқот, истеъмоли дору пеш аз хоб барои мутавозин нигоҳ доштани фишори хун дар вақти шаб ба одамони гирифтори гипертония (фишори баланди хун) кӯмак мекунад. Фишори хуни иштирокчиёни таҳқиқот, ки пеш аз хоб дору истеъмол мекарданд, шабу рӯз ба таври назаррас пасттар мешуд. Шабона фишорашон нисбат ба онҳое, ки саҳар дору истеъмол мекарданд, поинтар буд.
Муҳаққиқи пешбар, профессор Рамон Ҳермида аз Донишгоҳи Вигои Испания мегӯяд, ки духтурон бояд инро ба инобат гирифта, ба бемороне, ки аз фишори хун азият мекашанд, тавсия додани хурдани доруро пеш аз хоб шурӯъ кунанд. «Ин комилан бепул аст ва метавонад ҳаёти бисёриҳоро наҷот диҳад."- мегӯяд Рамон.
"Дар тавсияҳои имрӯза оид ба табобати гипертония ҳеҷ гуна ишорае нест, ки кадом вақт доруро истеъмол кардан беҳтар аст. Тавсияи маъмултарини табибон истеъмоли доруҳо субҳи барвақт ҳангоми наҳорӣ аст, аммо он бар назарияи хато асос ёфтааст, ки гӯё сатҳи баландшавии фишори шараёниро (артерия) коҳиш медиҳад"- мегӯяд ӯ.
Тадқиқоти Ҳермида нишон дод, одамоне, ки на субҳ, балки қабл аз хоб дору мехӯранд, фишори хунашон бештар мутавассит буда, бемории қалб ва мушкилоти рагҳои хунгузар дар онҳо камтар мегардад, зикр мекунаданд, дигар пажӯҳишгарони соҳа. Ҳамзамон, илова намудаанд, ки боз ҳам таҳқиқоти бештар дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ заруранд, то бидонем, ки хулосаҳои ҳамкасбони испанӣ нисбати ҳама беморони гирифтори фишори хун, ки доруҳои гуногунро истифода мекунанд, татбиқ мешаванд ё не.
«Ҳарчанд ин таҳқиқот хулосаҳои қаблӣ дар ин самтро тасдиқ мекунад, аммо идома додани таҳқиқот дар байни дигар гурӯҳҳои қавмӣ ва инчунин дар байни одамоне, ки дар бастҳо кор мекунанд, зарур аст, то дар ҳақиқат исбот шавад, ки доруҳоро шабона барои одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо муфид аст. "мегӯяд Ванесса Смит аз Бунёди «Солимии дил»-и Британия.
Тарзи ҳаёти шахс низ ба фишори хун таъсир мерасонад. Аз ҷумла амалҳои манфие чун: Истифодаи барзиёди алкогол, тамокукашӣ, вазни зиёдатӣ, камҳаракатӣ, истифодаи зиёди намак ва мисли ин.
Таҳияи
Гулҳаё Мадимарова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: