Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ

ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ

23-09-2019, 16:38
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 1
ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАИ ОСИЁ РОҲ ЁФТТими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ҳамаи рақибони худро шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти мазкур роҳ ёфт.
Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” дар нахустин бозии худ мунтахаби наврасони Шри Ланкаро бо ҳисоби 8:0 мағлуб карданд. Дар бозии дуюм бошад, тими наврасони Кувайтро голборон намуда, ба дарвозаи онҳо 9 голи беҷавоб заданд. Наврасони тоҷик дар бозии сеюм низ ба дарвозаи худ гол сарнадода, непалиҳоро бо ҳисоби 7:0 шикаст доданд. Наврасони мо дар муқобили соҳибони майдон низ хуб ҳунарнамоӣ намуда, бо ҳисоби 5:2 ғолиб омаданд. Ҳамин тариқ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 12 имтиёз дар гуруҳи худ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Ҳиндустон (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “D”), Қатар (гурӯҳи “Е”), Амороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “F”), Чин (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), ҶХД Корея (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”), Ҷумҳурии Корея (гурӯҳи “К”) ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо – Яман (гурӯҳи “Е”), Индонезия (гурӯҳи “G”), Узбекистон (гурӯҳи “В”), Уммон (гурӯҳи “D”) роҳхат гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон маротибаи чорум мешавад, ки дар финали Чемпионати Осиё иштирок менамояд. Наврасони тоҷик қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар қисмати финалӣ бозӣ карда буданд. Беҳтарин натиҷаи футболбозони мо медали нуқраи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мебошад. Соли 2006 бошад, онҳо медали биринҷӣ гирифта буданд.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: