Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ФУТБОЛ: бозӣ аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мусовӣ анҷом ёфт

ФУТБОЛ: бозӣ аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мусовӣ анҷом ёфт

6-06-2019, 11:47
Хабарро хонданд: 10 нафар
Назарҳо: 0
ФУТБОЛ: бозӣ аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мусовӣ анҷом ёфтДирӯз бозии аввали дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби наврасони Юнон дар шаҳри Санкт-Петербург мусовӣ анҷом ёфта, бозингарони ин даста як имтиёз ба даст оварданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд. Бояд зикр кард, ки ин бозии ҷолиб дар доираи 31 — умин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин аз 4 то 14 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад, сурат гирифт.

Дар қисми аввали бозӣ футболбозони Юнон афзалият нишон доданд. Дар ин давр дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев се даъфа тӯбро пас гардонида натавонист ва ба дарвоза гол сар дод. Дар дақиқаи 33-юми бозӣ Шарифбек Раҳматов ба дарвозаи ҳарифон як маротиба гол зад. Дар қисми дуюми рақобат наврасони тоҷик бозии куллан дигарро нишон дода, се дафъа дарвозаи ҳарифро рахна карданд. Рустам Соиров (63 пен, 70) ва Ислом Зоиров (67) ба задани гол даст ёфтанд. Ёдовар мешавем, ки дидори навбатии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 7 июн бо дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон доир мешавад.
Хотирасон мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё, ки 7 –уми октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор гардида буд, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуда буданд.

Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии ҷумҳуриро рангин намоянд. Ба замми ин, баъди ин муваффақият маротибаи дуввум футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон, ки имсол дар Бразилия доир мегардад, иштирок менамоянд.

Ҷоми Валентин Гранаткин-2019
Гурӯҳи «B» Юнон (U-18) — Тоҷикистон (U-17) 4:4
Голҳо: Константинос Тумианис (10) 1:0, Шарифбек Раҳматов (33) 1:1, Николаос Митчелис (42) 2:1, Тимас Панайотис (44) 3:1, Рустам Соиров (63) 3:2, Йоанис Тсакирис (66) 4:2, Ислом Зоиров (67) 4:3, Рустам Соиров (70) 4:4.
Юнон: Иоаннис Сурдис (Кристос Мандас 73), Наколаос Атнасиус (Панайотис Тсакалидис), Стилианос Коковас ( Георгиос Гогос), Николаос Митчелис (Эмануэль Арванитис), Александрос Кардарис, Константинос Тумианис, Георгиос Вракаc, Михаил Тселиос (Кристос Вутсас), Георгиос Фекас (Иоаннис Факис), Теодорос Пурнарас (Иоанниc Тсакирис),
Панайотис Тимас (к)
Тоҷикистон: 16 Шохрух Кирғизбоев, 5. Шахром Назаров, 25. Асадбек Зиёзода (17. Умеҷон Холиқов), 2. Ҷонибек Шарипов, 11. Шохрух Сангов, 8. Нидоёр Забиров, 14. Шарифбек Рахматов (24. Шуҳрат Элмуродов) (64), 20. Озодбек Панҷиев(19. Иброҳим Зокиров), Меҳробҷон Азимов (13.Амадони Камолов) (46), 10. Ислом Заиров (3.Парвиз Хоҷиев) (87) 9. Рустам Соиров
Довар: Андрей Фонсенко (Русия)
Варзишгоҳ: «Турбостроител» Санкт-Петербург, 300 тамошобин.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: