Имконияти таҳсил ва зисти ройгон дар ИМА барои хонандагони мактабҳои миёна22-09-2019, 11:27
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Интихоби иштирокчиён ба барномаи стипендиалии мубодилаи хонандагони синфҳои болоии “FLEX” рӯзи 21-уми сентябр оғоз ёфт. Стипендияҳо барои таҳсили ройгон дар ИМА барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод мегарданд. Намояндагони барномаи FLEX гузаронидани ду давраи аввали тестҳоро дар ёздаҳ шаҳри Тоҷикистон шурӯъ менамоянд.
Соли ҷорӣ беш аз 35 ғолиб барои иштирок дар барномаи соли таҳсили 2020-2021 интихоб мегарданд. Ғолибон дар оилаи мизбони интихобгардида зиндагӣ карда, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд. Барнома пардохти рафту омад аз хона то Иёлоти Муттаҳида, хароҷоти моҳонаи зиндагӣ ва суғуртаи тиббиро ( табобати бемориҳои то сафар ба ИМА вуҷуддоштаро дар бар намегирад) таъмин менамояд. «Хусусияти барнома дар он аст, ки на танҳо даҳҳо хонандагон аз Тоҷикистон фарҳанги амрикоиро омӯхта, ҳамчун амрикоиён зиндагӣ мекунанд, балки оилаҳои қабулунанда ва ҷомеаи амрикоӣ низ дар баробари қабул кардани хонандагон бо фарҳанги Тоҷикистон шинос мешаванд», – мегӯяд хонум Нона Маҷидӣ Муовини директори Шӯроҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон. Ӯ инчунин афзуд, ки: “Одамон метавонанд чипта харида, ба Амрико сафар кунанд, ёдгориҳои таърихиро бинанд, хӯрокҳои амрикоиро бичашанд, аммо барномаи мубодилавии FLEX ба хонандагон имконият медиҳад, ки Амрикоро ройгон ва бештар аз сайёҳҳон бинанд, бо оилаи мизбони амрикоӣ зиндагӣ кунанду тӯли як соли хониш дар мактаби амрикоӣ таҳсил намоянд. Ҳар сол оилаҳо бо камоли майл пухтани оши палаву қурутобро меомӯзанд, аз идҳои миллии Тоҷикистон, ба монанди Наврӯз, огоҳ меёбанд». Таъсиси барномаи мубодилавии FLEX аз ҷониби Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод гардида, ба толибилмони Тоҷикистон ва мардуми ИМА дар шиносоӣ ва пайдо кардани маълумотҳои фарҳангиву иҷитимоӣ дуҷониба ёрӣ мерасонад. Барномаи мазкур 28 сол аст, ки фаъолият дошта, аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мегардад ва аз тарафи Бюрои барномаҳои таҳсилотиву фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора мегардад. Барномаи FLEX ғайр аз Тоҷикистон дар Арманистон, Озарбойҷон, Чехия, Эстония, Маҷористон, Гурҷистон,Юнон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Муғулистон, Руминия, Словакия, Туркманистон ва Украина амал мекунад. Г . Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.