Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд

14-07-2017, 15:00
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷойгоҳи хоссаи рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Амрико ба Тоҷикистон барои мубодилаи афкор атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамшарикии байни ду давлат дар арсаҳои тиҷорату иқтисод муҳим шуморида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ зиёда аз 30 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ба имзо расида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари соҳибкорону сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон шароити мусоиду заруриро фароҳам овардааст.

Доир ба ҳамкории доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикиситону Америка дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорону тоҷирони ин давлат дар пешбурди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкори судманд баргузор шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: