Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»- китобе, ки бояд хонд

«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»- китобе, ки бояд хонд

18-09-2019, 17:03
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»- китобе, ки бояд хонд
Дар Академияи илмҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чашмам итифоқан ба китобе афтод. Унвони хеле аҷиб ва диқкатҷалбкунанда дошт: «Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг». Китобро ба даст гирифтам ва чанд сатрашро хондам:
«Марг аз куштани Одамӣ хаста ва безор шуд»...
Дид, ки Инсон сарсахтона муқобилият мекунад…Ба худ андешид: Оё инсон бо ин зиндагии кӯтоҳ ва ночизи худ умедвор аст, ки рӯзе бар ман ғолиб ояд? Ин албатта хайёли хом ва фикри ботил аст! Ҳамзамон барои ман ҷолиб аст бидонам, ки худи зиндагӣ дар ин масъала чӣ андеша дорад. Ҳамин тавр,Марг бо Зиндагӣ вориди гуфтушунид, мубоҳиса ва мунозира гардиданд…
Муаллифи китоб Комил Бекзода номзади илмҳои фалсафа, донишманд ва равшанфикри шинохта, андешаашро ба таври хеле мураттаб ва фасеҳ байён кардааст, ки хонанда ба зудӣ наметавонад аз сатрҳояш чашм канад. Он дар шакли муколама (диалог) навишта шуда, гуфтугӯӯ ва баҳс миёни Маргу Зиндагиро фаро гирифта, ҳамчунин андешаҳои файласуфони шинохтаи ҷаҳон дар бораи хушбахтии инсонҳо, умеду орзуҳои онҳо муҳимияти хулқу рафтори нек дар байни ҷомеа, ҷавонӣ ҳамчун замони зеботарини ҳаёти инсоният, тарбияи ҷавонон дар роҳи худшиносӣ ва мусбат буданро низ фаро мегирад. Чуноне ки худи муаллиф дар муқаддимаи китоб қайд кардааст, ҳадафи асосӣ аз таълифи ин китоб, ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба масъалаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ки бунёди ҷаҳонбинии ҳар яки онҳоро ташкил медиҳад, ҳушдор додани онҳо аз бузургии фарҳанги миллии мо, ки таърихи 7000 (ҳафтҳазорсола) дорад, барҳазар намудани онҳо аз уқдаи худкамбинӣ нисбат ба имкониятҳои ҳувиятӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ, огоҳ намудани онҳо аз офат ва зарарҳои бегонапарастӣ, дар шакли гуногуни ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор дар фикр ва андешаи онҳо нисбат ба Ватан, таърих, фарҳанг ва фидокориҳои бедареғ дар роҳи Истиқлолият ва Озодии миллати сарфароз ва ояндасози худ мебошад. Таъкиди асосӣва нуктаи муҳими он зикр шудаааст, ки миллати тоҷикҳамеша дар сароғози таърихи ҷаҳон қарор дошт ва Ҷамшед яке аз намояндагони бузурги миллати мо буд.
Китоби мазкур масъалаҳои хеле мубрами ҳаёти ҷавононро фаро гирифтааст. Мутолеаи он хонандаро хосатан ҷавононро ба бедорфикрӣ ва доштани андешаи фалсафиву афкори таҳлилӣ водор мекунад. Дар китоб ҳамчунин лаҳзаҳои алоҳида, ки саволуҷавоб миёни ҷавонон ва файласуфро дар бар мегирад, инъикос ёфтааст. Посухҳо, ки гӯё аз номи Зардушт баҷавонони Тоҷикистон омода шудаанд, ба таври хеле ҷолиб рӯи китоб омадаанд. Онҳо дар мавриди фалсафа барои ҷавонон чӣ зарурат дорад?,Фалсафаи ҳаёт аз чӣ иборат аст?, Фикр кардан чист?, Рафтору кирдор ба чӣ маъност?,Мақоми бозӣ дар ҳаёти ҷавонон аз чӣ иборат аст?,Ҷаҳони ханда кадом аст? Ҷаҳони ишқу ошиқӣ куҷост? Хавф дар зиндагӣ аз чист? ва ғайраҳо иборатанд, ки ба зоҳиран ба таври сода оварда шудаанд, аммо дар зери ҳар ҷумлаҷаҳони маънӣ нуҳуфтааст.
…Баъд аз баҳсу мунозираи зиёде, ки Маргу Зиндагӣ бо ҳам доштанд, ҳарду ором мешаванд. Онҳо меандешанд, ки кист он нафаре, ки аввалин шуда, изҳори назар мекунад? Интизории онҳо дер давом накарда, овози Зардушт ба гӯшашон мерасад:
- Марг хатарноктарин душмани одамон аст. Ман ҳамеша ин нуктаро таъкид мекардам ва ҳоло ҳам бар ин ақидаам. Инсоне метавонад бо марг муқобилят кунад, ки тамоми вуҷудаш аз хайру некӣ иборат бошад.
Ҳамингуна аз Зардушти ориёӣ сар шуда файласуфон ва бузургони илму дониш ба монанди Эпикур, Суқрот, Раймонд Моудӣ, Фридрих Нитше, Мигел де Унамуно то Насрин Идибеков дар бораи маргу зиндагӣ фикрашонро баён мекунанд.
Китоби «Бозгашти Ҷамшед: мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг» воқеан такони хубе барои ба вуҷуд омадани андешаи фалсафӣ ва назари мусбат доштану мусбат будани ҷавононро дар ҳама гуна пастиҳову баландиҳои ҳаёт талқин мекунад. Китоб хонандаро водор месозад то ба фикр фурӯ равад ва бидонад, ки инсони воқеӣ бояд чӣ гуна бошад, некиву бадӣ аз чӣ иборат ҳастанд, худшиносиву худогоҳиро чӣ гуна бояд дарёфт кард ва дар охир Маргу Зиндагӣ чӣ гуна падидае ҳастанд, ки инсонҳо тӯли ҳазор солаҳо аст, ки барои вуҷуди онҳо баҳс мекунад. Китоби мазкур бо дарназардошти талаботи хонандагон ба забони русӣ низ тарҷума шудааст.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: