Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шаммаи чой ҳам ба кор меояд

Шаммаи чой ҳам ба кор меояд

13-09-2019, 09:44
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
            Шаммаи чой ҳам ба кор меояд
Чой яке аз нӯшокиҳои серистеъмолтарини ҷаҳон аст. Ин нӯшокии муфидро дар рӯзгор низ метавон истифода кард.
Масалан, чой беҳтарин воситаи рафъкунандаи бӯй аст. Ин хосияти чойро метавон барои аз дастон дур кардани бӯи моҳӣ ва сир (чиснок) истифода бурд. Агар чойи хушбӯйро дар ҷайби нишастгоҳҳои дохили автомобил гузоред, боиси хушбӯй ва тоза шудани фазои дохили мошин мегардад. Бо ёрии шаммаи чойи истифодашуда метавон таровату ҷиллои либоси мӯинаи тиббиро баргардонд. Барои ин шаммаи намнокро ба болои либос баробар бипошед ва чанд дақиқа гузоред. Сипас, тавассути чуткаи намнок шаммаҳоро аз як тараф тоза кунед ва мебинед, ки мӯина ҷиллодор мешавад. Агар шумо аз шустушуи либосҳои синтетикӣ ҳассосият (аллергия) дошта бошед, пас шаммаи чой беҳтарин ашёи тозакунандаи зарарҳо хоҳед шуд. Ҳамчунин шаммаи чой равған ва доғҳоро аз оина, шиша, фарш (пол), мебели равғаннокардагӣ ба осонӣ дур мекунад.
            Шаммаи чой ҳам ба кор меояд
Инчунин, чой хосияти рангкунӣ ҳам дорад. Масалан барои баланд кардани ранги матоъ ба 150 мл.оби ҷӯшомада, як қошуқи калон чойи сиёҳ андозед. Агар хоҳед, ки матоъ қаҳваранг шавад, дар ин сурат ба 150 мил.тр оби ҷӯшонида ду қошуқ чой андозед. Матоъро тунук карда, латтаи косашӯйиро (губка) ба он тар карда, баробар ба матоъ бимолед, баъди баробар ранг кардани матоъ онро офтоб кунед.
Ҳамчунин чойро метавон барои ранг кардани тухмҳо истифода кард. Баъзеҳо чойро ба сифати сиёҳранг кардани мӯйи сар низ истифода мебаранд. Барои ин чойи сиёҳ ва мармарак (шалфей)-ро омехта, шаби дароз гузоред. Баъди аз дока гузаронидан сарро бо он бишӯед. Дар сурати зарурат ин амалро чанд маротиба такрор намоед. Ҳамчунин чойи хушкшудаи нолозим беҳтарин ғизо барои гулу кабудиву сабзавот аст.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: