Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

Президенти мамлакат Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

13-09-2019, 09:29
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.

Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, онро ҳамчун туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карданд.

Дар бинои Қасри фарҳанг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити китобхона шинос шуданд.

Дар ин ҷо ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон, сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум ҳамчунин барои фаъолияти пурсамари кормандони Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.

Дар вақти бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаҳову талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз руи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ, Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст.

Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷраи бойгонии Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толори фитнес, ҳуҷраи таҷҳизотҳои варзишӣ ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаи якум ҳуҷраи маъмурият, ошхонаи хурд барои 20 нафар, толори ақди никоҳ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 адад ҳуҷраи машқи раққосон, мавҷуд аст.

Нигористон, толори рақси миллӣ, амбори асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон барои 12 нафар, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон бо 20 ҷойи нишаст, синфхонаи мусиқӣ барои 20 нафар, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона, 2 ҳуҷраи ороишии санъаткорон, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир карда шудааст.

Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи забони русӣ барои 14 нафар, синфхонаи забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, синфхона барои бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, синфхонаи компютерӣ барои 20 нафар, синфхонаи конструкторони ҷавон барои 16 нафар, синфхонаи дузандагӣ бо 5 мошинаи дарздузӣ ҷойгир аст.

Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.

Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити атрофи иншоот аҳамияти махсус дода шудааст.

Масоҳати 12 230 метри мураббаъ майдони атрофи қаср кабудизор карда шуда, дар саҳни ҳавлӣ 413 адад дарахти гуногун шинонда шудааст.

Дар ҳаҷми 3560 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпуш гардид.

Бунёди шаршара ва фаввора ба атрофи иншоот ҳусни тозае зам кардааст ва он акнун ба ҷойи хеле дилфиреби сайру гашти мардум тадбил ёфтааст. Дар гирду атрофи иншоот 20 адад курсии чубин гузошта шудааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити дар бино фароҳам овардашуда, Сарвари давлат ба сохтмончиёну меъморон барои иҷрои босифати корҳо баҳои баланд доданд.

Дар толори маҷлиси Қасри фарҳанг Пешвои миллат дар назди сокинону фаъолони ноҳия суханронӣ карда, кулли мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Данғараро бо ҷашни 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногуни ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Дар ҳамин ҷо барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: