Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-11-2018, 12:00
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.11.2018 10:58, шаҳри Душанбе


Субҳи рӯзи 9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст. Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бинои асосии марказ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой дода шудааст. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми он барои утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург, утоқ барои қабули меҳмонон ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шуда, дар онҳо шароити мукаммали кору фаъолият фароҳам мебошад.

Тавре аён шуд, инфрасохтори мавҷуда дар бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фаррохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. Се синфхонаи таълимии марказ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳаз карда шудаанд.

Дар ошёнаи сеюми бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон муайян гардидааст. Ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.

Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой дода шудааст. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯи зиёди адабиётҳои таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст.

Дар таҳҳонаи бинои мазкур толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои обу тоби бадан ташкил гардида, қисмати дигари он ҳамчун таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.

Баробари сохта ба истифода додани маркази мазкур кормандони он бо 9 автомашинаи сабукрав, як микроавтобус ва 2 автомашинаи бо таҷҳизоти махсуси оперативӣ-техникӣ ҷиҳозонидашуда таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм дорои 8 ҳуҷра ва ифрасохтори ёрирасон буда, дар он беҳтарин шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.

Бинои меҳмонхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Иншооти мавҷуда дар маркази мазкур бо шабакаи гармидиҳии мутамарказ ва таҷҳизоти оташнишонӣ таъмин мебошад. Дар марказ имкони ба таълим фаро гирифтани 100 нафар дар як вақт мавҷуд аст.

Дар саҳни марказ 3 майдончаи варзишии муосир барои гузаронидани бозиҳои баскетбол ва бадминтон мавҷуд мебошад.

Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори гирди бино бо симтурҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидааст.

Дар маҷмуъ масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ кабудизор шуда, атрофи иншоот бо 5 ҳазор гулҳои ҳархела ва 100 бех дарахти ҳамешасабз оро дода шудааст.

Ин иншооти навбунёд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои таҷлили солгарди навбатии Рӯзи милитсия мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконияти Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони он дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи аксбардорӣ, наворбардорӣ, телевизор ва дигар воситаҳои техникӣ туҳфа намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: