Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

11-09-2018, 13:43
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

11.09.2018 09:38, ноҳияи Ванҷ
Дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм бошад, пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудааст.

Бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ дар масоҳати зиёда аз 909 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар мебошад.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд. Сипас дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг аз авлавиятҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст.

Бояд таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъро фароҳам меоварад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: