Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

12-09-2019, 13:37
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
12 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгаштро, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода доданд. Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи парандапарвариро бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кори нав ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри бостонии Кулоб бо самимияти хосса ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззами худ гусел карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: