Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

5-09-2019, 10:42
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доимиву мудом дорои обрӯ ва манзалати хосса мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш эҷод ва иншо карда бошад. Сареҳияти фаротари комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳими миллату Ватан моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ, бо азхуднамоии арзишҳои деринаи худ минҳайси як кишвари воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонида, 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ин санаи муҳиму арзишманд дар таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баробари эълон гардидани он ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор гузошта шуд.
Дар ин муддат вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.
Албатта, асноду далел ва воқеияти рӯзгори аслӣ дар ин самт муайян намуданд, ки кишвари кӯчаки мо барои расидан ба истиқлолияти комили сартосарӣ якчанд монеаҳои душвору сангинро паси сар намуд. Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан ба маврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунониданд, ки тоҷикон ҳамчун дорои фарҳанги баланду хиради азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастан ва мебошанд.
Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихиаш рӯ ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии сартосарӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузошт. Шикасти гузинаҳои идоракунӣ, набуди манбаҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ноустувори қонуни асосии кишвар, эҳтимолияти ҳар лаҳзаву ҳар маврид рӯ ба нестӣ бурдани миллати моро таҳдид мекард. Вале дар ин асно хидматҳои қиёснопазире, ки дар заминаи набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид, аз ҷониби Пешвояш рӯйи даст гирифта шуд, баҳояшро таърихи як садсолаи охири башар қариб, ки ёд надораду ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам накардааст…. Сабақи ибатомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар шурӯъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то бузургдошти Соли тамаддуни ориёию 3000-солагии Ҳисори бостон, боиси омӯзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дури дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд.
Мусаллам аст, ки азнавсозӣ ва эҳёи Тоҷикистони навин аз макони муттаҳидсозандаи тоҷикони ҷаҳон пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе оѓоз шудаву дар як муддати хеле ками таърихӣ ва махсусан ду соли охир, бо бунёди маҷмӯи васеъи иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва эҳёи боѓу гулгаштҳои муосир симои худро боз ҳам зеботару дилоротар гардонид.

Албатта, ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 28 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ таѓйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Новобаста аз вазъи ноороми кишвар ва заъфи имкониятҳои мавҷуда, дар кишвари мо, таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза гирифта, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, ба як кишвари рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар ин масир, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абармарди раҳнамунсозаш мақому манзалати муносиберо пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоидро фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.
Асри ХХ1, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ѓанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Бо таваҷчуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овард. Боиси ифтихор ва зикри махсус аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе давоми соли равон шоҳиди баргузории якчанд ҳамоишу конфронси сатҳи баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблаѓгузории он, аз ҷумла гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ва нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» буд, ки ҳар кадоме аз онҳо мазмуну муҳтаво ва аҳамияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон доранд. Табиист, ки бозтоби Саммит ва чорабиниҳои зикргардида бо муаррифии манзараҳои зебои Ватан, дар заминаи солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақому манзалати кишвари моро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар хоҳад намуд. Мусаллам аст, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бо маром идома дорад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.

Раҳмонзода Зоир,
раиси КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: