Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид азхоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич

Боздид азхоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич

22-08-2019, 10:27
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Боздид азхоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд.

Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.

Аз рӯи иттилои деҳқони ботаҷрибаи Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Ҷурабек Ахмедов хоҷагӣ дар ихтиёри худ 11 гектар, аз ҷумла 3,40 гектар замини корам ва 1,50 га майдони токзори нав дошта, дар он асосан парвариши полезӣ ва ангури навъи “ҳусейнӣ”-ро ба роҳ мондаанд.

Зимни суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди рӯзгордида, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Абдуворис Орифов таъкид намуд, ки аз рӯи нақли аҷдодон ва мушоҳидаҳо заминҳои ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буданду дар онҳо гулу гиёҳе намерӯид. Бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардид. Акнун заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, мардум аз он барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд.

Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдуворис” дар ихтиёри худ қариб 17 гектар замин, аз ҷумла 8,19 га замини корам, 6,25 га замини обӣ, 1 га боғ ва 1,40 га майдони токи навъи “тоифӣ” дорад.

Тавре мушоҳида гардид, деҳқонон аз заминҳои худ ба таври самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки аллакай дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: