Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарвари давлат Боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат Боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

22-08-2019, 10:11
Хабарро хонданд: 106 нафар
Назарҳо: 0
Сарвари давлат Боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Иншооти мазкур аз ду ошёна, 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқҳои роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар муассисаи замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар кӯдакистони “Дӯстӣ” ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 10 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ҳудуди ин муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ карда шуда, пурра чароғон мебошад.

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст буда, бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.

Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда ба истифода дода мешавад.

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: