Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика” дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика” дар шаҳри Душанбе

30-08-2016, 14:53
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика” дар шаҳри Душанбе


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Муассисаи томактабии байналмилалии “Малика” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, дар муддати 21 моҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶСП "Сомон-таҷҳизот" бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи “Малика” дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии беш аз 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бо ифтитоҳи ин муассиса 65 нафар сокини пойтахт имкон пайдо карданд, ки бо ҷои кор ва маоши то 1500 сомонӣ таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки Боғчаи байналмилалии "Малика" аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи байналмилалии “Малика” аз 8 айвонча, 16 ҳуҷраи хоб, ҳавзи шиноварӣ, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, майдони хурди бозии футбол, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит, кӯдаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷамъият бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: