Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ХЛОПУШКА» КАЙ АЗ БАЙН МЕРАВАД?

«ХЛОПУШКА» КАЙ АЗ БАЙН МЕРАВАД?

27-12-2018, 08:45
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
«ХЛОПУШКА» КАЙ АЗ БАЙН МЕРАВАД?

Ҳамасола дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ бозори ғайриқонунии фурӯши маводи тарфгарӣ, ба истилоҳи дигар «хлопушка» гарм мешавад. Фурӯшандаҳои пасипардагии ин бозор маводи мазкурро, ки воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши онро қонун манъ кардааст, бо роҳҳои гуногун паҳн намуда, даромади муфт ба даст меоранд.

Оид ба масъалаи мазкур борҳо гуфтаву навиштаанд ва гузашта аз ин, бо вуҷуди андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии воридот, фурӯш ва нигоҳдории ғайриқонунии маводи тарфгарӣ мутаассифона, садои даҳшатафкани «хлопушка» ҳанӯз ҳам гӯшҳоро мехарошад. Ин омил пеш аз ҳама сабаби вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу ҳарос расонидани шаҳрвандон, хосатан шахсони дорои бемории дил дар рӯзҳои ид мегардад.
Солҳост, ки масъулини мақомоти дахлдор барои манъи воридот ва паҳн нагардидани маводи тарфгарӣ мубориза мебаранд. Чуноне ки зикр намудем, муомилоти ғайриқонунии он то ба ҳол пурра аз байн нарафтааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба «Минбари халқ» иттилоъ доданд, аз аввали моҳи декабри соли равон то имрӯз дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар нафарони зиёде бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ боздошт шудаанд, ки дар миёни боздоштшудаҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.
«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ин давра, дар вилояти Суғд 87 ҳазору 823 ҳазор дона маводҳои тарфгарии гуногунтамға мусодира шуда, оид ба ҳолати мазкур нисбати 36 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 110 адад маводҳои пиратехникӣ мусодира шудааст ва нисбат ба як нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ВМКБ низ нисбати як нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаву 1 ҳазору 560 адад маводҳои тарфгарӣ мусодира шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, 9 ҳолат ошкор шудааст ва дар маҷмӯъ 245 ҳазору 944 дона маводҳои пиротехникӣ дарёфту мусодира шудааст. Инчунин нисбати як нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, чунин ҳолатҳо нисбатан кам ба назар мерасанд»,-афзуд манбаъ.
Мусаллам аст, ки дар арафаи таҷлил намудани Соли нави мелодӣ бархе аз соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба қонуншиканӣ даст зада, ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тарфгарӣ ворид менамоянд. Агарчи на ҳамавақт қочоқбарони маводи тарфгарӣ ба даст меафтанд, вале на ҳамеша онҳо ба ҳадафи худ мерасанд.
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2017-2018 дар маҷмӯъ 12 ҳолати воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба миқдори умумӣ 94211 дона ба қайд гирифта шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Хадамаоти гумрук иттилоъ доданд, самти интиқоли маводи тарфгарӣ асосан дар вилояти Суғд буда, бо истифода аз чапроҳаҳои миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 12 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур бо моддаи 199 иловаи 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардидааст.
-Аз ҷумла, чанд рӯз қабл аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми азназаргузаронии вагон-тарабхонаи қатораи хатсайри №359-и самти Хуҷанд-Москва дар дохили нуҳ адад халтаҳои рангашон гуногуни латтагин ва полиэтиленӣ либосҳои кӯдакона, бозичаҳои кӯдакона, кулоҳҳои мардонаи истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ва маводҳои ба маводи тарфгарӣ монанд дарёфт карда шуд, Маводҳои мазкур ба шаҳрванд В.А. соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Исфисор, тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳоро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ, ғайриқонунӣ интиқол дода, мехост тавассути вагон-тарабхонаи қатора ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бидуни назорати гумрукӣ интиқол диҳад.
Тибқи маълумотномаи экспертизаи ташхиси таркишӣ-техникии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маводҳои ба миқдори 5386 дона аз шаҳрванд В. А. гирифташуда, аз рӯи сохт, андоза ва хусусияти худ ба категорияи маводҳои тарфгарӣ (пиротехника) навъи капсулаҳо барои туфангчаи бозича ва навъи оташфаввораҳо мансубият дошта, айни замон аз рӯи таъиноташон барои истифодабарӣ коршоям мебошанд.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд В. А. бо моддаи 199 прим. 1 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд фиристонида шуд,-афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ кардани воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ» воридот ва фурӯши он манъ карда шудааст. Инчунин тибқи моддаи 199 –и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ба гардиши ғайриқонунии маводи шарорадор — «пиротехникӣ» машғул дар асоси банди якуми моддаи мазкур «воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, фурӯш ва ё барои соҳибӣ ба шахси дигар дода шудааст, аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ ҷарима андохта мешаванд».
Солҳои қаблӣ дар арафаи Соли нав тарконидани маводи тарфгарӣ қариб ба як анъана табдил ёфта буд. Зикр кардан ба маврид аст, ки тарконидани маводи тарфгарӣ нисбат ба 5-6 соли пеш камтар гардидааст, вале ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, нафароне, ки дар фикри пур кардани ҷайби худ ҳастанд, қонун барои онҳо ҳеҷ арзише надорад. Бинобар ин, яке аз роҳҳои пурра аз байн бурдани маводи тарфгарӣ, ин вазнинтар намудани ҷарима нисбат ба афроде, ки ба воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи тарфгарӣ машғуланд, буда метавонад. Дар сурати ғайр решакан кардани он имконнопазир хоҳад буд. Шояд онҳое, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ машғуланд, аз роҳи фурӯши навъҳои гуногуни он даромади хубе ба даст меоранд ва аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ ҷарима барои ин афрод як маблағи ночиз аст.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: