Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар

1-07-2019, 09:10
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар
30 июн дар шаҳри Минск дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии «Динамо» иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат варзиданд.

Бозиҳои аврупоӣ маҷмӯи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои аврупо байни ҳам рақобат карданд.

Ба Бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, гуштини «Дзюдо»-ву «Самбо», каратэ, тенниси рӯи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошанд.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони «Вақти ғалабаҳои бузург» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз рӯи 15 намуди варзиш талош варзиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: