Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Назорати сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорати ИМА дар Душанбе

Назорати сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорати ИМА дар Душанбе

24-06-2019, 10:56
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Назорати сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорати ИМА дар ДушанбеДар Сафорати ИМА асбоби назораткунандаи сифати ҳаво насб карда шуд. Ҳадаф аз насб кардани асбоби мазкур чен кардани микдори зарраҳои сахт дар ҳаво мебошад. Муайян кардани миқдори зарраҳо дар ҳаво ҳамчун нишондиҳандаи сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорат, ки дар маҳаллаи Зарафшон ҷойгир мебошад, хизмат хоҳад кард. Чунин ифлоскунандаҳо ба монанди зарраҳои сахт ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Хусусан, онҳо метавонанд ба вазъи саломатии гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ, аз ҷумла одамони гирифтори бемориҳои дил ва шуш, кӯдакон ва пиронсолон, таъсири хеле ҷиддӣ расонанд. Маълумот дар бораи сифати ҳаво дар режими вақти воқеӣ интишор мешавад ва олимону муҳаққиқон, намояндагони ҳукумат ва қишри васеи ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд аз он истифода баранд. Маълумоти мазкур дар сомонаи airnow.gov. дастрас хохад буд.

Асбоби назораткунандаи дар боло зикрёфта миқдори зарраҳои дорои диаметри камтар аз 2,5 микрометр (PM 2,5)-ро муайян менамояд. Чунин зарраҳо «зарраҳои хурд» номида мешаванд ва чуноне ки муқаррар шудааст, онҳо аз ҳама бештар ба саломатӣ хатар эҷод менамоянд, зеро ки онҳо метавонанд тавассути шуш ба ҷараёни хун ворид шаванд. PM 2.5 ҳамчун меъёр аз ҷониби Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист (EPA) эътироф шудааст ва он имкон медиҳад, ки бо чораҳои стандартии ИМА муқоиса карда шавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба сомонаи EPA муроҷиат намоед: https://bit.ly/1U9qR5q.

Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист формулаеро матраъ намуд, ки барои табдил додани нишондиҳандаҳои РМ 2.5 ба бузургии индекси сифати ҳаво (AQI) истифода бурда мешавад. Ин формула барои иттилоъ додан дар қабул кардани қарор дар робита ба саломатӣ кӯмак карда метавонад. Масалан, агар бузургии AQI ба 50 баробар бошад, пас сифати ҳаво хуб ба шумор меравад ва эҳтимолияти таъсиргузорӣ ба саломатии аҳолӣ хеле ночиз аст, вале агар бузургии AQI аз 300 болотар равад, сифати ҳаво хатарнок маҳсуб меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: